ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАР САРИ БОЗ 15 КИЛОМЕТРИ МАРЗ ДАР САМТҲОИ ПУРБАҲСИ ҚУЛУНДУ, МАҚСАТ, АРҚА ВА РОҲИ ХИСТЕВАРЗ (ВИДЕО)
Рӯзи 12 январи соли 2024 раҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи мулоқоти навбатиашон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон изҳор доштанд, ки онҳо ба “қарорҳои муҳим” даст ёфта, боз 14 километри қитъаҳои баҳсии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон, марзи аз ҳама мураккаб ва низоъбарангез дар Осиёи Марказиро, ки дар солҳои охир арсаи чандин муноқишаи хунини мусаллаҳона бо садҳо куштаву захмӣ шудааст, мушаххас карданд.
Ятимов дар пайи мулоқоташ бо Тошиев гуфт: “Мо масоили асосии усулиро баррасӣ кардем. Чанд нуктаи ҳаётан муҳим дар байн буд. Ин вобаста ба самтҳои Қулунду, Мақсат, Арқа, Хистеварз аст. Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем”.
Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз хабар дод ва гуфт:
“Аз ҷумла дар масъалаи деҳаи Мақсат. Ин 15 километр тӯли марз аст. Мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд”.
Дар бораи ин ки ин тавофуқот бар асоси чӣ гузаштҳои мушаххасе аз ҷониби ин ду кишвар ба даст омадааст ва марзи ду кишвар дар ин қитъаҳои баҳсӣ аз кадом хат кашида хоҳад шуд?, на Ятимов ва на Тошиев ягон ҷузъиёт надоданд. Хатти марз дар минтақаҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз аз баҳсбарангезтарин қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.
Рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо мерасад.
Фидон ба тавофуқ даст ёфтани Душанбеву Бишкек дар масъалаи марзро ҷавобгӯи манфиатҳои Туркия номид ва гуфт, “умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузошта, ба сӯи амнияту субот дар минтақа қадами бузурге бигузоранд”.
Пои Туркия ҳам ахиран ба ин муноқиша кашида шуд, чунки ин кишвар ба Қирғизистон, яке аз ҷонибҳои ин низоъи марзӣ даҳҳо дрон ё ҳавопаймои бесарнишини муосир фурӯхт. Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни охирини муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 рух дод, аз дронҳои аз Туркия харидааш, ба таври фаровон ба зидди Тоҷикистон истифода бурд ва аз ҷумла 25 сокини мулкии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамла бо дронҳои туркӣ ба масҷид ва мактаб дар ҷамоати Овчӣ Қалъача дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон кушта шуданд. Он рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷик аз тасмими Туркия барои ба як ҷониби муноқиша фурӯхтани дронҳои ҳарбӣ ба тундӣ интиқод мекарданд.
Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар се моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 149 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.
Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар кушта шуда, беш аз 700 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.
Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.
Ба назари банда, Кремл харитаи тақсимоти марзию ҳудудии Осиёи Марказиро ба ҳарду ҷониб нишон дода, тибқи он Тоҷикистону Қирғизистон ба натиҷаҳои мусбат даст ёфтаанд. Туркия аз кишварҳои хурди монанди Тоҷикистону Қирғизистон дар фурӯши силоҳ фоида не, чӣ басо зарар бубинад, чун ин кишварҳо худ дар қарз ғутида, тавони пардохти пурраи пули силоҳҳои ҷангии серхаридор, ба мисли дронҳоро надоранд. Аз ин рӯ, бинобар касби “холи сиёсӣ” Туркия мехоҳад “кабутари сулҳ” бошад ва дар ҳалли мушкилоти минтақа нақш бозӣ кунад, чун қабл аз артиши сурх, артиши империяи усмонӣ дар ин амокин фармонравоӣ мекард ва имрӯз “иштиҳо” (ё майл)-и бозгашт ба минтақа аз ҳадафҳои стратегии Анқара аст.