ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАКАЙ МОҲИ МАРТ СОЗИШНОМАИ МАРЗРО ИМЗО МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Алакай моҳи марти соли 2024 созишнома дар бораи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, марзи аз ҳама мураккаб ва низоъбарангез дар Осиёи Марказӣ, ки дар солҳои охир арсаи чандин муноқишаи хунини мусаллаҳона бо садҳо куштаву захмӣ шудааст, ба имзо мерасад.

Дар ин бора рӯзи 10 январи соли 2024 дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон ба журналистон хабар дод. Фидон дар чорчӯби силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи боздид аз Бишкек вориди Душанбе шуда буд.

Ҳоқон Фидон дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мо хабарҳои хуше гирифтем, ки ҷониби Қирғизистон  бо Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилоти марзӣ ба тавофуқ даст ёфтаанд. Интизор меравад, ки созишнома моҳи март ба имзо бирасад ва ман имрӯз имкон доштам, ки дар мулоқотам бо ҷаноби президенти Тоҷикистон тасдиқи ин хабари хушро ба даст биорам”.

Хадамоти президенти Тоҷикистон дар гузоришаш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳоқон Фидон дар бораи дар ин дидор баррасӣ шудани мавзӯи музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон чизе нагуфтааст.

Вале раҳбари идораи сиёсати хориҷии Туркия ба тавофуқ даст ёфтани Душанбеву Бишкек дар масоили марзиро ҷавобгӯи манфиатҳои Туркия номид ва гуфт, “Туркия ҳамчун як кишвари бародаре, ки ба ин минтақа таваҷҷуҳ дорад, ба ин созишнома аҳамияти бузургеро қоил аст. Умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон моши март ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузошта, ба сӯи амнияту субот дар минтақа қадами бузурге бигузоранд”.

Пои Туркия ҳам ахиран ба ин муноқиша кашида шуд, чунки ин кишвар ба Қирғизистон, яке аз ҷонибҳои ин низоъи марзӣ даҳҳо дрон ё ҳавопаймои бесарнишини муосир фурӯхт. Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни охирини муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 рух дод, аз дронҳои аз Туркия харидааш, ба таври фаровон ба зидди Тоҷикистон истифода бурд ва аз ҷумла 25 сокини мулкии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамла бо дронҳои туркӣ ба масҷид ва мактаб дар ҷамоати Овчӣ Қалъача дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон кушта шуданд. Он рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷик аз тасмими Туркия барои ба як ҷониби муноқиша фурӯхтани дронҳои ҳарбӣ ба тундӣ интиқод мекарданд.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт.  Раисони  ҳайъатҳои ду кишвар дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 12 декабр дар Бодканд гуфтанд, ки алакай беш аз 90 фоизи тӯли марзи байни ин ду кишвар муайян карда шуда, “то анҷоми пурраи ташхиси марз ҳамагӣ чанд даври дигари музокирот боқӣ мондааст”.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран зимни боздид аз вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд хабар дод, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷабборов гуфт, онҳо қасд доштанд, ки ин корро алакай то поёни соли 2023 ба анҷом бирасонанд, вале музокироти марзӣ як каме тӯл кашид.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Абдуллоҳ Ҳасан Абдуғаффор, Ёри бад бадтар бувад аз мори бад! гуяд:

    Туркия дуввумин қудрати низомии НАТО ва яке аз 10-кишвари абарқудрати низомии дунё ба ҳисоб меравад. Ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистон тавассути Туркия фоли нек хоҳад буд ё Туркия “лидер”-и нави минтақа? Оё Россия нуфӯзи низомӣ дар минтақаро аз даст додааст? Гардиши мол миёни Туркия ва Россия солона то 100-миллиард долларро ташкил медиҳад, вале гардиши мол байни Россия ва кишварҳои СНГ тақрибан 20-миллиард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button