АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАРДУ МАРГТАЛАБИ КИРМОН ВА РАҲБАРАШОН “АБДУЛЛОҲИ ТОҶИКӢ” АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД

Вазорати иттилооти Эрон, ки  умури амнияти Ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, рӯзи 11-уми январи соли 2024 бо пахши як иттилоия номи созандаи бомбаҳои дар ҳамлаи маргбори Кирмон истифодашударо нашр намуд.

Бино ба ин баёния, “тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи мавриди баҳс фарди тоҷикистонӣ, ба номи мустаъори “Абдуллоҳи Тоҷикӣ” ” будааст.

Ин вазоратхона меафзояд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон “дар таърихи 28-уми озармоҳи гузашта ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак “барои таъмини пӯшиш” ба сурати ғайримуҷоз ва тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ аз марзҳои ҷанубу-шарқӣ вориди Эрон шуда, ба устони Кирмон мунтақил ва дар хонаи иҷорае дар ҳумаи, яъне наздикии шаҳри Кирмон мустақар мешавад”.

Бар асоси ин иттилоия, ин шаҳрванди Тоҷикистон илова бар роҳбарии ин амалиёти террористӣ, инчунин ба сохтани бомб низ шахсан машғул шудааст. Вале ба нерӯҳои амниятии Эрон муяссар нашудааст, ки ин нафарро дастгир намоянд. Ӯ пас аз омода намудани бомбҳои интиҳорӣ ва қадам ба қадам кашидани нақшаи террор барои ҳаммаслакони худ ду рӯз пеш аз худи ҳамла Эронро тарк намудааст.

Шахсияти ҳарду маргталаб низ аз ҷониби мақомоти Эрон низ муайян карда шудааст. Гуфта мешаванд,  ҳарду маргталаб шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке аз онҳо Бозоров Исроил Амонуллоевич ( шакли форисиаш بازیروف اسراییلی فرزند امان الله ) ном дошта, 24 сола будааст.

 Дар мавриди шахсияти дуввумӣ, гуфта шудааст, ки “сарнахҳои қобили таваҷҷуҳе ба даст омада, ки пас аз ҳусули мушаххасоти комил исми вай эълом хоҳад шуд”.

Ҳамчунин дар ин баёния ба таври муфассал аз кадом роҳҳо вориди хоки Эрон шудани ин шаҳрвандони Тоҷикистон нақл шудааст.

Дар идомаи ин иттилоия навишта шудааст, ки “дар рӯзи ҳодиса, соати 13:03 ва 13:16 ин ду интиҳорӣ ба таври ҷудогона аз хона хориҷ ва ба сӯи “Гулзори шуҳадои Кирмон” ҳаракат мекунанд”.

Бино бар ин гузориш гӯё террористон пас аз дидани маъмурони амниятӣ ва тадбирҳои шадиди амниятие, ки он рӯз дар маҳалли дафни Қосим Сулаймонӣ ҳукмфармо буд, аз тарси ба даст афтодан, тасмим гирифтаанд амалиёти худро дар масофаи дуртар аз мақбараи Қосим Сулаймонӣ ва берун аз қабристон роҳандозӣ кунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ду таркиши маргбор, ки рӯзи 3 январи соли 2024 дар чорумин солгарди қатли фармондеҳи сипоҳи Қудс Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон ба вуқуъ пайваст, наздики 100 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Шохаи “Хуросон”-и созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки дар матбуот ба номи ДОИШ маъруф аст, масъулияти таркишҳои Кирмонро ба ӯҳда гирифт. Мақомоти Амрико бо такя ба манобеи истихборотии худ, низ таъйид намуданд, ки воқеан аз рӯи маълумоти онҳо, шохаи ДОИШ-и мустақар дар хоки Афғонистон ҳамлаҳоро анҷом додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар гузашта низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба даст доштан дар амалҳои террористӣ дар хоки Эрон айбдор шудаанд. Ҳамлаҳои собиқ низ, ки аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон анҷомида буд, аз номи ДОИШ қаламдод шудааст. Ва ДОИШ низ онҳоро “муҷоҳидин”-и худ хондааст.

Аз ҷумла шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, Комрони Субҳон, ки аз рӯи шиносномааш сокини Ҳисор аст, дар санаи 26-уми октябри соли 2023 вориди “Шоҳи Чароғ”, як мазори муқаддаси шиъаҳо дар шаҳри Шероз шуда, тавассути автомат Калашников 13 нафарро кушта, 27 тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Худи Комрон пас аз тарафи мақомоти амниятии Эрон боздошт шуданаш дар бемористон аз захмҳои ҳангоми боздошт бардоштааш ҷон дод.

Инчунин дар санаи 13-уми августи соли 2023 як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Раҳматулло Наврӯзов аз номи ДОИШ ва барои қасд гирифтан аз ҳукми қатли ҳамгуруҳони худ дубора вориди ҳамон мазори “Шоҳи Чароғ” шуда, ба сӯи зоирин тир кушод. Ин дафъа ба аъзои ДОИШ муяссар шуд, ки 2 нафарро кушта ва 7 тани дигарро захмӣ кунанд.

Алакай моҳи сентябри соли 2023 додгоҳи Эрон Раҳматулло Наврӯзов ба ҳукми қатл маҳкум намуд. Чанде пеш раиси Девони олии Эрон эълом кард, ки ҳукми қатли Раҳматулло Наврӯзов, ки бо номи мустаъори Мустафо Исломёр низ шинохта мешавад,  ҳафтаи равон ва ё ҳафтаи оянда иҷро хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Абдуллоҳ Ҳасан Абдуғаффор, Ҷумҳурии охундии Эрон гуяд:

    Ҷумҳурии исломӣ нест, 45-сол аст, ки “як мазҳаб” 89-миллион нафарро зери итоати худ қарор додааст, Ислом 73-мазҳаб дорад, Эрон як мазҳаб. Чаро воқеъиятҳоро намегӯед, ба қавли русҳо: “надо назвать вещи своими именами”, ҷумҳурии исломӣ вақте аст, ки қонунҳои ислом ҷорӣ бошад, на қавонини мазҳаб.

  2. Аслан ба ту чи ки дар кишвари дигар ки чи кор мекунад, чи сиёсате дорад.ислом ва конунхояшро хохи мархамат ба Арабистону Афгонистон рав чи кор мекуни дар Эрону Точикистону Россия ва Европа.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button