ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ДУШАНБЕ

Шаби 10 январи соли 2024 дар дохили ҳавопаймои ширкати русии “Уральские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, яке аз мусофирон духтар ба дунё овардааст. Мусофирони дигар аз ин ҳодиса он қадар ба ваҷд омаданд, ки барои тифли навзод 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ “рӯбинак” ҷамъ кардаанд. Дар бораи ин ҳодисаи хуш Телеграм-канали ширкати “Уральские авиалинии” хабар дод.

“Бо таваллуди кӯдак дар вақти парвоз сар кардани соли нав барои мо ба як анъанаи хуб табдил ёфта истодааст. Як сол қабл, 29 декабри соли 2022 дар дохили ҳавопаймои Жуковский – Хуҷанд Оишахон ба дунё омада буд. Ин дафъа шаби 10 январ дар дохили ҳавопаймое, ки бо хатсайри U6-2441 аз Жуковский ба Душанбе парвоз дошт, боз як духтарча ба дунё омад”, – навиштааст ширкати ҳавопаймоӣ.

Тибқи ин хабар, баробари аз фурудгоҳи Жуковский ба осмон хестани ҳавопаймо, як зан ба доду фарёд даромадааст. Меҳмондорон, ки яке аз онҳо Надежда Ивакина дар гузашта фелдшер буд, ва Мадина ном мусофире, ки ҳамшираи тиббӣ будааст, ба кумаки ин зан шитофтанд. Маълум шуд, ки ин занро дарди кӯдак гирифтааст. Зани ҳомиларо дар як қатори иборат аз се курсӣ ҷой карда, таҷҳизоти лозим барои таваллуди кӯдакро омода карданд.

Сармеҳмондори ҳавопаймо Анна Семёнова ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кардааст: “Алакай дар оғози ироаи кумакҳо сари кӯдак дида мешуд ва ба зудӣ тифли навзод ба дунё омад. Ин ҳодиса соати 2:25 ба вақти Душанбе рух дод. Соати 2:55 ҳамроҳак ҳам берун омад. Дар бораи ин ҳодиса фармондеҳи ҳавопайморо огоҳ кардем, вале азбаски кӯдак бе мушкил таваллуд шуд, дигар нишасти изтирорӣ дар ягон фурудгоҳи сари роҳ лозим нашуд. Модару кӯдакро баробари расидан ба фурудгоҳи Душанбе мо ба табибони “Ёрии таъҷилӣ” супурдем. Мусофирон аз ин ҳодиса чунон ба ваҷд омаданд, ки ҳамчун “рӯбинак” барои тифли навзод 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ оварданд”.

 Ширкати “Уральские авиалинии” барои кумак дар таваллуди кӯдак ба ҳамшираи тиббӣ Мадина, сармеҳмондори парвози U6-2441 Анна Семёнова ва меҳмондорон Надежда Ивакина ва Анастасия Пирогова изҳори сипос карда, бавижа ба касбияти онҳо арҷ гузоштааст.

Мавридҳои дар вақти парвоз таваллуд кардани занони мусофир кам аст, ва гоҳ-гоҳ чунин кор рӯй медиҳад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба парвози занони ҳомила дар моҳҳои охирини таваллудашон иҷозат намедиҳанд, вале бархе занҳои ҳомила бо ҳар роҳ ягон илоҷ карда, аз назорат мегузаранд ва ба дохили ҳавопаймоҳо роҳ меёбанд. Мисли ин модари тоҷик ва боз як модари дигар аз Хуҷанд, ки ҳар боре, ки аз ҷои таваллуди ин фарзандашон агар бипурсанд, ҳатман ҷавоб хоҳанд дод, ки дар осмон ба дунё омадааст.

Як сол пеш Телеграм-канал “SHOT” хабар дода буд, ки як зан, ки аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, тифлашро ҳангоми парвоз ба дунё овард. Фарзанди ӯ Оишахон 29 декабри соли 2022, дар арафаи Соли нав дар баландии чанд ҳазор метр дар осмон дар дохили толори ҳавопаймои “Аэробус”-и ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дида ба ҷаҳон кушод.

Ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав ба қасди Тоҷикистон ба парвоз хест, вале баъди онки ҳавопаймо алакай ба осмон баланд шуда буд, як зани мусофир ба меҳмондорони ҳавопаймо муроҷиат карда, аз сар шудани дарди зоишаш хабар додааст.

Азбаски то расидан ба Хуҷанд ҳанӯз чанд соати дигар боқӣ монда буд, аҳли экипаж бояд ин масъаларо ба сурати оҷил ҳал мекарданд.

Кристина Клюева, сардори меҳмондорони ин парвоз нақл кардааст, ки онҳо худ ба сархалабон хабар доданд ва тавассути баландгӯ эълон карданд, ки агар дар байни мусофирон табибон бошанд, аз худ дарак диҳанд.

Аз байни мусофирон як “таваллудхонаи сайёр” ҷамъ шуд. Маълум шуд, ки дар байни онҳо 4  нафар аз аҳли тиб будаанд: як табиби неонатолог (табиби навзодон), як табиби рентгенолог ва ду момодоя (акушерка). Меҳмондорони ҳавопаймо бо истифода аз болиштҳо, салфеткаҳо ва об  барои таваллуди тифл “зоишгоҳ” дуруст кардаанд.

Кристина Клюева ҷараёни ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Чор нафар аз байни мусофирон, ки хушбахтона, дуяш табибу дуи дигараш момодоя буданд, изҳори кумак карданд.  Сархалабон пурсид, ки оё зарурат ҳаст, ки ӯ дар ягон фурудгоҳи наздиктарин бинишинад? Вале ин табибон  гуфтанд, ки зарурат нест, онҳо худашон ин корро анҷом медиҳанд”.

Виктор Ким, меҳмондори дигари ин парвоз низ нақл кардааст, ки  “дар ошхонаи қисмати пеши ҳавопаймо мо болиштҳо ва пелёнкаҳоро паҳн кардем ва ин ҷавонзан ҳамон ҷо тифлашро ба дунё овард. Лаҳзаҳои, ба ростӣ, фаромӯшношудание буд ин лаҳзаҳо!”.

Тақрибан баъди як соат бо кумаки табибону меҳмондорон тифли ин зан сиҳати саломат ба дунё омад. Ин духтарчаи навзод 46 сантиметр қад ва 2600 грамм вазн дошт.  Баъди тақрибан ду соати дигар, ҳавопаймо алакай бо 220 мусофир дар Хуҷанд фуруд омад. Модари хушбахтро бо тифли навзодаш аз фурудгоҳ рост ба бемористон бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холаҳмадзода, номи зебо нисфи ҳусни инсон гуяд:

    Номҳои муносиб: Ситора, Сайёра, Тайёра, Бибиҳаво, Осмонгул, Ахтара, Кавкаб, Само, Маҳтоб, Офтоб, Парвоза, Ҳавопаймо, Абрӣ, Миррих, Марсия, Кайҳона, Бадахшон ва ғайра..
    Номҳои мусалмонӣ: Хадиҷа, Оиша, Омина, Фотима, Марям, Ҳафса, Зайнаб, Ҳалима, Нафиса ва ғайра…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button