ВарзишВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДАРГУЗАШТИ ПАҲЛАВОН ВА МУРАББИИ ШИНОХТА НОСИР ХУСРАВОВ, ПАДАРИ ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ

Субҳи 9 январи соли 2024 қалби Носир Хусравов, варзишгар ва мураббии хушноми тоҷик устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои зиёди гуштини миллӣ ва самбову дзюдо (ҷудо) ва падари қаҳрамони самбои ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар синни 66 аз тапидан бозмонд.

Дар ин бора дар Фейсбук журналист Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод. Ӯ Носир Хусравовро муаллим, устоди арҷманд, варзишгари хушному хушкор номида, навиштааст:

 “Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон аҳли фано хоҳад буд,

Он кӣ пояндаву боқист, Худо хоҳад буд.

Дар бораи иллати марги Носир Хусравов чизе гуфта нашудааст, вале Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 9 январи соли 2024, вақти намози пешин дар масҷиди маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, маъруф ба “масҷиди Аминҷон” доир мешавад. Барои видоъ бо Носир Хусравов шумо метавонед ба манзилаш, ки  дар ҳамин гӯшаи пойтахти Тоҷикистон дар кӯчаи Фирдавсӣ, 62, дар пушти мағозаи “Ёвар” ва поёнтар аз “Дунёи нав” ҷойгир шудааст, қадам ранҷа фармоед.

Носир Хусравов 28 майи соли 1958 дар деҳаи Мурғутгаи ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон аст. Соҳиби унвону ҷоизаҳои зиёди варзишӣ буда, ба ҳайси мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ, сармураббии тими мунтахаби самбои ВМКБ, муовини аввали мудири мактаби варзишии ВМКБ фаъолияти пурсамар дошт.

undefined
Хушқадам Хусравов

Яке аз меваҳои умдаи фаъолияти Носир Хусравов ҳамчун мураббӣ писари 31-солааш Хушқадам Хусравов аст, ки имрӯз аз паҳлавонҳои хушном ва парчамбардори Тоҷикистон ба шумор меравад. Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, дар тӯли собиқаи варзишиаш ҳамчунин 5 маротиба чемпиони самбои Осиё шудааст. Ӯ ҳамчунин чандин бор чемпиони Тоҷикистон дар гуштини миллӣ ва самбову дзюдо гардидааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд меросеро, ки аз Носир Хусравов ба ёдгор монд чунин хулоса кардааст: “Умре дар хидмати миллату Ватан буд. Шогирдони зиёдеро ба камол расонид… Ёдат ба хайр, ҷоят ҷаннат, равонат шод, охиратат обод бошад, муаллим! Худо раҳмату мағфирататон кунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button