ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ФУРАҲОИ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ СОЛИ 2022 ҒАСБШУДАРО БАРГАРДОНДАНД (10 АКС)

Рӯзи 26 декабри соли 2023 Тоҷикистону Қирғизистон мошинҳоеро, ки дар ҷараёни муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 “бо сабабҳои гуногун дар қаламрави ин ду кишвар боқӣ монда буданд”, ба якдигар баргардонданд. Қирғизистон ба Тоҷикистон 4 фураро баргардондааст ва Тоҷикистон ба Қирғизистон 5 мошини боркашро.

Дар ин бора маъмурияти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар дод. Дар иттилоия гуфта мешавад, ки табодули фураҳо дар натиҷаи музокироти рӯзи 26 декабри раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон Абдукарим Олимбоев ва Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

 “Дар мулоқоти имрӯза бо супориши муовини раиси кобинаи вазирон – раиси КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев пиромуни баргардондани мошинҳое, ки дар қаламрави ду кишвар боздошт шуда буданд, музокирот сурат гирифт ва тарафҳо дар бораи табодули ин мошинҳо тавофуқ карданд. Дар натиҷа, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон 4 мошини боркашро баргардонданд ва аз Тоҷикистон ба Қирғистон 5 мошини боркашро пас доданд. Ин мошинҳо дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи соли гузашта бо сабабҳои гуногун дар қаламрави ин ду кишвар боқӣ монда буданд. Ин мошинҳо ба сокинони деҳаҳои наздимарзӣ тааллуқ доранд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маъмурияти вилояти Бодканд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд низ дар бораи мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Абдукарим Олимбоев дар қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузориш додааст, вале дар иттилоияаш дар бораи табодули мошинҳои боркаш чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад дар ин мулоқот, ки бо иштироки роҳбарони вилоятҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ  ва дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, тарафҳо аз соли 2023 натиҷагирӣ карда ва нақшаи чорабиниҳои муштарак байни вилоятҳои Суғду Бодкандро барои соли ояндаи 2024 қабул кардаанд.

Ҷонибҳо бори дигар бар зарурати ҳали масъалаҳои марзӣ бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва идомаи фаъолонаи кори комиссияи муштарак таъкид карда, пиромуни мустаҳкам намудани робитаи миёни вилоятҳо, ҳамсоядории нек, эҷоди фазои ором ва эҳтироми ҳамдигар, бо роҳи гуфтушунид ба охир расонидани таъин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор кардаанд.

Таъкид шудааст, ки роҳбарони ду вилоят ба нофаҳмиҳое, ки дар давоми сол дар марзи байни Суғду Бодканд ба вуҷуд омаданд, тавонистанд сари вақт расидагӣ кунанд ва “дар натиҷа, дар ноҳияҳои марзӣ ягон муноқишаи ҷиддӣ рух надод ва тартиботи ҷамъиятӣ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт”.

Дар ҳақиқат, ба фарқ аз солҳои 2021 ва 2022, ки бо муноқишаҳои хунин бо садҳо куштаву захмиҳояш дар ёдҳо монд, дар тӯли соли 2023 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз ҷумла дар марзи Суғду Бодканд ягон муноқишаи ҷиддӣ рух надод ва соли 2023 дар ин марз, ки нооромтарин марзи Осиёи Марказӣ шумурда мешуд, хеле оромтар сипарӣ шуд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт.  Раисони  ҳайъатҳои ду кишвар дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 12 декабр дар Бодканд гуфтанд, ки алакай беш аз 90 фоизи тӯли марзи байни ин ду кишвар муайян карда шуда, “то анҷоми пурраи ташхиси марз ҳамагӣ чанд даври дигари музокирот боқӣ мондааст”.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button