ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ АЗ ОЗОД ШУДАНИ БЕШ АЗ 50 МАҲБУСИ БАДАХШОНӢ ХАБАР ДОД

Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори мухолифи тоҷик, ки дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон ба сар мебарад,  рӯзи 23 декабри соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи аз зиндонҳои Хуҷанд ва Душанбе озод шудани беш аз 50 маҳбуси зодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Зоҳиран сухан дар бораи маҳбусоне меравад, ки соли 2022 дар пайи саркӯби эътирозҳо дар ин вилояти мухтори воқеъ дар марзҳои шарқи Тоҷикистон бо Чину Афғонистон ва Қирғизистон дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Бовар меравад, ки озодии ин маҳбусон дар натиҷаи фишори Ғарб ва музокироту шояд муомилаҳое байни мақомоти Тоҷикистон ва сохторҳои шоҳзода Карим Оғохони Чорум, пешвои мазҳабии исмоилиҳои сокини Бадахшон сурат гирифта бошад.

Додоҷон Атовуллоев дар саҳифааш навишт:

“Аз хонаводаҳои дӯстони бадахшонӣ, аз шаб то ҳозир паёпай хабар мерасад, ки беш аз 50 нафар маҳбусони зодаи Помир аз зиндонҳои Хуҷанд ва Душанбе озод шудаанд.

Як. Тафсири ҳукуматро интизорам.

Ду. Афв ё фишори Ғарб?

…Ҳамин ҳоло, ҳангоме ин сатрҳоро менавиштам, яке аз дӯстони азиз гиряолуд телефон кард, ки писараш озод шудааст.

Ба ононе, ки ба озодӣ расиданд, ин муждаро муборакбод мегӯям!”

Мақомот расман дар бораи хабари раҳоии якбора беш аз 50 маҳбуси зодаи Бадахшон ва ангезаҳои чунин тасмим то ҳол ягон шарҳ надодаанд.

Манобеи дигари ғайрирасмӣ низ то кунун инро тасдиқ накардаанд.

Вендетта Ал Бадахшӣ, як корбари фаъоли Фейсбук, ки зери ин имзои мустаор асосан таҳаввулоти Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар зери матлаби Mуҳаммад Тағоев, ки хабари раҳоии 50 маҳбуси бадахшониро бо такя ба Додоҷон Атовуллоев бознашр кардааст, навишт, дар Бадахшон чашмбароҳи озодии шумори аз ин ҳам бештаранд, вале ин кор ҳанӯз ба сомон нарасидааст, бояд рӯзҳои наздик амалӣ шавад.

“Бародар, алъон зуд аст,  камтар сабр кунед, рӯзҳои наздик. Камтар сабр бародар, бародар,  Додоҷон камтар тез шуд. Мо интизори бештарем”, – навиштааст Вендетта Ал Бадахшӣ.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои мусаллаҳи “спетсназ” саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта, даҳҳо нафар захмӣ гардиданд.  Мақомот дар он рӯзҳо ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон дар худи ин вилоят ва берун аз он дастгир карданд. Аз ҷумла тақрибан 20 тан аз лидерҳои бадахшониҳоро дар Русия дастгир карда, ба Душанбе оварданд. Аксари ин дастгиршудагон бо ҷурмҳои сангине, чун ташкили созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ ва барангехтани кинаву низоъи байни маҳалҳо маҳкум ба зиндон шуданд.

Аз ҷумла дастикам 7 тан аз лидерҳои Бадахшон, бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков бо як писараш маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар як иттилоияаш кушта шудани 32 нафар дар ҷараёни ҳаводиси Бадахшон ва кушодани парвандаҳо ба зидди беш аз 100 нафар аз зодагони ин вилоятро тасдиқ карда буд.

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон дар масоҳати 64 ҳазору 100 километри мураббаъ, ки тақрибан 45 фоизи тамоми қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад, доман густурдааст. Дар ин вилоят наздики 250 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ба истиснои ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи аксаран қирғизнишини Мурғоб, ки аксари сокинонашон мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон суннитаборанд, дар боқӣ манотиқи Бадахшон асосан пайравони равияи исмоилии мазҳаби шиъа ба сар мебаранд.

Исмоилиҳои Бадахшони Тоҷикистон шоҳзода Карим Оғохони Чорумро пешвои рӯҳонии худ мешуморанд ва рӯзи нахустин боздиди ӯ аз Бадахшон дар моҳи майи соли 1995ро ҳамчун Рӯзи нур таҷлил мекунанд.

 Дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон мақомоти Тоҷикистон бисёре аз корхонаву муасссисаҳои марбут ба Оғохон, аз ҷумла як литсей ва чанд боғчаву урдугоҳҳои тобистона, ҳамчунин боғи марказии шаҳри Хоруғро давлатӣ карданд. Меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ, ки низ ба сохторҳои Оғохон тааллуқ дошт, ҳамчунин давлатӣ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Оппозитсия, револютсия, шайтонутсия гуяд:

    10-сол пеш ҳам навори тӯйи арӯсии рустам маҳз ба додо “бовар” карда шуд, ин дафъа ҳам мақомот додоҷонро аз озод шудани маҳбусон “огоҳ” кард, на радиои “аюбгул”-ро, чаро? Оё аз додо мухолифи муждарасон сохтаанд? Радиои “гули сари сабад” дар Хуҷанду Душанбе дафтар дорад, аз пештозии ин қазия “бенасиб” монд? Ин ҳамкориҳои “ноҳамвор” чӣ ҳикмате дошта бошанд? Оё додо ба ватан бармегардад? Ё додо мухолифи мухолифон аст, ба ҳукумат наздиктар аст?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button