ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ НАЗДИКИ 12 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУД (6 AKC)

Дар ҷараёни музокироти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 17 то 23 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, гурӯҳҳои кории топографӣ  бар сари боз 11,88 километр аз қитъаҳои баҳсии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонрӯ ба мувофиқат даст ёфтаанд.

Бино ба иттилоияи яксоне, ки ҳарду тараф нашр карданд, “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд” ва “аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид”.

Дар бораи инки Тоҷикистону Қирғизистон ин дафъа бар сари кадом қитъаҳои баҳсии марз ба тавофуқ расиданд?, дар иттилоияи расмӣ ягон тафсилот дода нашудааст.Танҳо гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”.

Ба ин тартиб, танҳо дар ду ҳафтаи охир Душанбе ва Бишкек боз 59 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас карданд. Дар се моҳи охир тарафҳо алакай 134 километр аз қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас карданд.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт.  Раисони  ҳайъатҳои ду кишвар дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 12 декабр дар Бодканд гуфтанд, ки алакай беш аз 90 фоизи тӯли марзи байни ин ду кишвар муайян карда шуда, “то анҷоми пурраи ташхиси марз ҳамагӣ чанд даври дигари музокирот боқӣ мондааст”.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран зимни боздид аз вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд хабар дод, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷабборов гуфт, онҳо қасд доштанд, ки ин корро алакай то поёни соли 2023 ба анҷом бирасонанд, вале музокироти марзӣ як каме тӯл кашид.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button