ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФАРРУХ ҲАСАНОВ БАРОИ ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ТВ РУСИЯ ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Рустами  Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон  рӯзи 6 декабри соли 2023 ба ғолиби озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!”(“Биёед, ҳама якҷоя!”) дар ТВ Русия Фаррух Ҳасанов хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим кардааст.

“Чунин ҷавонони соҳибистеъдод ҳамеша аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирӣ меёбанд”, – таъкид шудааст дар канали расмии Рустами Эмомали дар шабакаи Телеграм.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки дар маросими супурдани калиди хонаи нав Рустами Эмомалӣ Фаррух Ҳасановро бо пирӯзӣ дар чунин озмуни муътабар табрик гуфт ва барои онки номи мардуми тоҷик ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт, изҳори сипос кард,

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз доштааст, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.

«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», — гуфтааст ӯ .

Овозхони ҷавони 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) дар поёни моҳи ноябр бо таронаи Бруно Марс “Talking to the moon” 98 овоз аз 100 овози 100 узви доваронро ба даст оварда,  дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” ғалаба кард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро ба даст овард.

Ба ҳунари баланди овозхони ҷавони тоҷик дар ин озмун овозхонҳои шуҳратёри рус, ба мисли Николай Басков, Филип Киркоров ва Сергей Лазарев баҳои баланд доданд. Киркоров аз ҷумла гуфт, “овозхонҳо зиёданд, вале Фаррух ҳам овозхон асту ҳам Ҳунарманд (Артист)!”

Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст.  Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбат дошт ва дар баробари мактаби миёна дар студияи мусиқӣ низ таълим мегирифт. Аммо баъди хатми мактаб ҳангоми интихоби касб аз интихоби роҳи ҳунар бим дошт, ки ба риштаи тарҷумониву забоншиносӣ дохил шуд. Фаррух як муддат бо ин касб кор кард, вале ишқи мусиқӣ дар ниҳоят боз ӯро ба ҷодаи ҳунар овард.

Исми Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia’s Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Ин озмун нахустин қадами Фаррух Ҳасанов ба сӯи саҳна гардид ва ӯ баъди ин чати худро ташкил кард ва таронаҳои тоҷикиву хориҷиро зери навои ғижжаку гитор иҷро мекард.

Фаррух батадриҷ аз иҷрои таронаҳои дигарон ба таҳия ва иҷрои таронаҳои худаш рӯ овард. Устоди ӯ Зафар Абдуалимов, писари овозхони фақиди тоҷик Хадиҷа Абдуалимова шуд. Таронаҳои ӯ бо номҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забон русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” тамошобини зиёде ҷамъ овардаанд. Соли 2022 Фаррух Ҳасанов дар Ватанаш, Тоҷикистон сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардид.

Лозим ба зикр аст, ки ғолиби ояндаи “Ну-ка, все вместе!” дар ин озмун тасодуфан иштирок карда буд. Фаррух Ҳасанов азми сафари Амрико дошт, вале устодаш Зафар Абдуалимов барояш машварат дод, ки аввал қувваашро як бор дар озмуни “Ну-ка, все вместе!” бисанҷад. Зафар Абдуалимов низ яке аз 100 узви ҳайъати ҳакамони озмун буд, вале ҳар боре ки шогирдаш ҳунарнамоӣ мекард, ӯ усулан тарки ҳайъати ҳакамон мекард, то доварӣ одилона бошад ва касе ӯро ба тарафгирӣ ва қазовати муғризона айбдор накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси шаҳри Шаршара (собиқ Норак) гуяд:

    Фаррух аз худ як чиз нишон дод, ки соҳиби хона шуд, Рустам чӣ камоле дорад, ки ду мансаби калидиро соҳиб шудааст?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button