ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ТОҶИКИСТОНРО ДАР БАЙНИ ЯК СОАТ ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ САХТ ТАКОН ДОД

Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябри соли 2023 дар фосилаи ҳамагӣ як соат дар шарқи Тоҷикистон ду заминларзаи сангин ба амал омад. Заминларзаи аввал соати 15:00 ба вақти Тоҷикистон ва дуюмаш соати 16:09 рух додаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларзаи аввал дар 260-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, замин дар инҷо бо шиддати 5 балл тибқи ҷадвали Рихтер ва дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шиддати 3-4 балл ларзидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ин офати табиӣ ягон қурбонӣ ё хисорот ба ҷой нагузоштааст.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ  иқтидори заминларзаи аввали рӯзи 23 ноябр дар шарқи Тоҷикистонро 5,2 балл ва шиддати заминларзаи дуюмро 4,7 балл бароварда, хабар доданд, ки ин ду заминларза дар умқи 36 ва 44 километр ва дар фосилаи 40 ва 42 километр аз мавзеи Қаракенҷа рух додаанд. Мавзеи Қаракенҷа, ки исмаш дар марказҳои зилзиланигории байналмилалӣ зиёд гирифта мешавад, бо 2800 сокинаш дар ноҳияи Лахши водии Рахш, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир шуда, соли 2022 номаш ба Заринрӯд иваз карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, ки низ заминларзаҳо дар саросари Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки маркази заминларзаи аввали рӯзи 23 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда буд. Ин марказ низ  иқтидори ин офатро 5 балл баровард кардааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 3 зилзила,  дар як моҳи охир 30 заминларза ва дар як соли охир 270 заминларзаи шиддаташон аз 1,5 балл болоро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button