ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҚАДАМИ ҚУРБОН РОҲИ МАШҲУРИ 18-ПОВОРОТАИ ЧАГАМ – КӮЛОБРО АСФАЛТПӮШ МЕКУНАД

Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон ба ободу мумфарш (асфалтпӯш) кардани роҳи 18 – километраи Чагам – Кӯлоб оғоз кард. Роҳи зодгоҳи Қадами Қурбон бо шарофати ҳунарнамоиҳои  ӯ ҳамчун “роҳи ҳаждаҳпаварота” машҳур шудааст.

Дар бораи ба чунин кори хайр иқдом кардани Қадами Қурбон дар Фейсбук шоири шинохтаи тоҷик Хайриддин Хайрандеш хабар дод.

“Қадами Қурбон ба ободу асфалтпӯш кардани роҳи 18 – километраи Чагам – Кӯлоб ( роҳи машҳури ҳаждаҳпаварота ) оғоз кард. Ин орзуи деринтизори аҳолии зиёда аз 5ООО – нафараи деҳаҳои Чагами Боло, Чагами Миёна Чагами Поён, Чагами Хирман, Раҳмонобод, Тошбулоқ, Симчакон, Деҳдарозак, Назарбоӣ, Бодомту ва Тӯғмагӣ мебошад”, – навиштааст Хайрандеш ва дар поёни хабар ин ду мисраъро дар ситоиши Қадами Қурбон низ илова кардааст:

Раҳмат ба ҳазор пушти аҷдоди Қадам,

Асфалт шавад зи ҳимматаш роҳи Чагам.

Садҳо нафар дар зери ин хабар ба ин ташаббуси наҷиб ва амри хайре, ки Қадами Қурбон рӯи даст гирифтааст, офарин хондаанд. Яке аз корбарон навиштааст, ки ин роҳ бори охир солҳои 1991-1992 аз ҷониби сардори онвақтаи ДЭУ, Идораи истифодаи роҳҳои Кӯлоб Саидов бо асфалти сард мумфарш карда шуда буд ва баъди он, инак беш аз 30 сари сол боз тармим нашудааст.

Дар ҳунарнамоиҳояш Қадами Қурбон бисёр вақт синтезаторро пасту боло карда,  садои гӯшхароши бо азоб дар гардиш тоб хӯрдани мошинро мебарорад ва ибораи машҳури “Сари паваротай!”-ро ба забон меорад. Бисёриҳо мегӯянд, роҳи пурпечутоби тарафи зодгоҳаш, деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ба Қадами Қурбон барои эҷоди ин ҳилаи саҳнавӣ илҳом додааст.

Қадами Қурбон, як овозхони тӯйгард аз Чагам, бо тарзи аҷиби таронахониаш шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Ӯ аз ҷумла дар вақти ҳунарнамоияш дар аз пистолет ба ҳаво тир холӣ мекунад, синтезаторро пасту боло карда, зери садои гӯш хароши тоб хӯрдани мошин “Сари паваротай!” мегӯяд ва ҳангоми хондани як дуэт бо Зайнаб, ки қудои Қадами Қурбон ҳам будааст, Зайнаб овози шиҳаи аспро тақлид мекунад.

Бархе таронаҳои ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо карданд. Худи Қадами Қурбон мегуфт, видеоҳои ӯро дар Интернет мухлисонаш мегузоранд: “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое,ки дар интернет нашр мешавад,хабар надорам.”

Вақте мардум Қадами Қурбонро хеле сахт гирифт, ки бо таронаҳои аз ҳад соддааш санъати тоҷикро беобрӯ мекунад, овозхони шинохта Ҷонибеки Мурод аз вай пуштибонӣ кард. Ӯ соли 2019 Қадами Қурбонро ба Душанбе даъват карда, сарупо, телефон, ҳатто мӯйсараш, дар умум имиҷи ӯро нав кард ва нахустин клипи ӯро дар студияи касбӣ таҳия ва нашр кард.

Чанд таронаи дар студияҳои касбӣ дар чанд соли охир таҳия кардаи Қадами Қурбон ҳаркадом чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ оварданд.

Моҳи октябри соли 2023 Қадами Қурбон нахустин овозхон аз Тоҷикистон шуд, ки дар барномаи “Песни от всей души” дар таҳияи яке аз маъруфтарин шоуменҳои рус Андрей Малахов дар шабакаи телевизонии “Россия1” иштирок ва ҳунарнамоӣ кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button