ВидеоИқтисодРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

РАҲМАТШО ДОДИХУДОЕВ – СУХАНГӮИ СОБИҚИ БОНКИ МИЛЛӢ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Раҳматшо Додихудоев, журналисти собиқадори тоҷик, сардабири собиқи барномаи “Ахбор” дар ТВ Тоҷикистон ва раҳбари собиқи шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябри соли 2023 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид.

Дар бораи иллати марги журналисти хушнома чизе гуфта нашудааст, вале қаблан хабар омада буд, ки Раҳматшо Додихудоев чанд муддат боз бемор аст.

Бино ба иттилои журналисти тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд, маросими намози ҷанозаи Раҳматшо Додихудоев рӯзи 14 ноябр, соати 10:00 дар масҷиди маҳаллаи Яккачанори шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Хилватшоҳи Маҳмуд аз ҷумла аз он ёдовар шудааст, ки маҳз дар замони сухангӯи Бонки миллӣ будани Раҳматшо Додихудоев, моҳи октябри соли 2000 пули миллии сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд дар бораи хидматҳои марҳум чунин навиштааст: “Ӯро дар ҷомеаи маданӣ ба ҳар гуна ва шевае ном мегиранду таъриф мекунанд: бархе Устод, баъзеҳо Акаи Раҳматшо, чандеи дигар Муаллим ва боқимонда Асламшоҳи муҳаррири хушкору журналист мегӯяндаш…

Ва аммо: Болотар аз ин ҳама Ӯ инсони комил, одам бо ҳарфи бузург ва марде бо шарафу имони қавӣ буд…  Беш аз 50 соли умри худро дар роҳи журналистика сарф карда, то ба маснади сардабирии барномаи “Ахбор” дар ягона шабакаи телевизионии вақти кишвар расид.

Ҳамеша худаш ҳасту буд: худшиносу росткор. Ҳамин гуна боқӣ монд.

Замони фаъолият дар телевизион аз ваколату симматаш ҳеч гоҳ истифодаи сӯ накард. Ба касе хушомад назад, ҳақ гуфту воқеиятро инъикос кард. Шогирдони зиёдеро тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят кард. Худ, ки хештаншинос буд…, ба пайравону равандагони роҳаш ҳамин хислатро омӯхт.

Асламшо (Раҳматшо) Додихудоев 1 апрели соли 1946 дар деҳаи Жовиди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст, Ӯ баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар омӯзишгоҳи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптӯраи ноҳияи Ҳисор давом дода, онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба шӯъбаи шабонаи риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Баробари таҳсил кор ҳам мекард. Аввал сохтмончӣ, челонгари корхонаи тармими мошинҳо (Авторемзавод), муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррири барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион кор кард. Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” ва барномаи дарзамонаш хеле машҳури “Негатив”  ташкил шуд.

Солҳои 1992-1993 дар Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон  кор карда, солҳои 1993- 1995 мухбири ширкати телевизиони байналдавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то соли 2010 сардори маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” буд.

Соли 1990 сазовори унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон” шудааст.  Раҳматшо Додихудоев узви раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button