ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҲодиса

ҶАВОНИ ТОҶИК АЛӢ АСРОР ДАР СУРГУТ СЕ ГУРБАЧАРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДА, САДҲО “ОФАРИН!” ШУНИД (ВИДЕО)

Алӣ ном ҷавони зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Сургут дар шимоли Русия се гурбачаеро, ки ба чоҳи канализатсия партофта буданд, аз марги ногузир наҷот додааст. Алӣ ин се гурбачаро аз чоҳ бароварда, ба хонааш бурда,  баданашонро гарм кард ва ғизояшон дод. Азбаски тавони нигоҳ доштани ин ҷонварҳои маъсумро надошт, ҳарсе гурбачаро ба дасти касоне дод, ки корашон нигоҳубини ҷонварҳои бесоҳиб аст.

Қиссаи ин ҷавони тоҷикро рӯзи 11 ноябри соли 2023 нашрияи маҳаллии К-Информ/Сургут нашр кард. Алӣ нақл кардааст, ки шом аз кор ба хона бармегашт ва дар наздикии УБР (Управление буровых работ №1, идораи корҳои чоҳбурии №1) ба гӯшаш аз дохили чоҳи канализатсия садои монанд ба нола омад. Алӣ болопӯши чоҳро кушод ва дар даруни чоҳ сумкаеро бо се гурбача дид, ки кадом сангдиле ба даруни чоҳ партофтааст. Ҷавони тоҷик ба дохили чоҳ фаромада, гурбачаҳоро боло овард ва ба хона бурда, сару танашонро шусту ғизояшон дод.

Алӣ гуфт, ки ин ҷонваронро дар хонаи иҷорааш нигоҳ дошта наметавонад ва мехоҳад ба дасти одамони савобҷӯву накӯкор бидиҳад. Алакай соате баъди нашри ин хабар ҳарсе гурбача соҳиби нав пайдо кардааст.

Ин ҷавони тоҷик рӯзи 12 ноябри соли 2023 дар суҳбати телефонӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ дар асл Алӣ Асрор ном дошта, аз шаҳраки Хонободи Исфара аст ва дар Сургут ба ҳайси устои сантехник кор мекунад.

Алӣ гуфт, ҳарсе гурбачаро аз дасти ӯ як духтар аз созмоне гирифт, ки ба нигоҳубини ҷонварони бесоҳибмонда машғул аст. Дар ин созмон гурбачаҳои ҳанӯз ширмакро ба таври касбӣ нигоҳубин карда, ба воя мерасонанд ва сипас ба шахсони дӯстдори ҳайвонот медиҳанд.

Падару модари Алӣ Асрор дар Исфара ба сар мебаранд ва барои онҳо ҳатман хондани сели вокунишҳои гарм ва саросар мусбати сокинони Сургут ва дигар минтақаҳои Русия дар бораи амали савоби фарзандашон ҳатман хушу мақбул хоҳад омад.

“Сипос ба волидонаш барои дили ин қадар неки фарзандашон!”— навиштааст Светлана Светланова. “Ана як хабари хеле хуб дар бораи муҳоҷирон!!! Респект!!! Обод бошӣ!!! – навиштааст Екатерина Сотникова.

“Офарин! Нафақат бепарвоӣ накарду ба роҳаш нарафт ва ҷонварони оҷизро напартофт, балки талош дорад, ки онҳоро ба дасти одамони хуб бидиҳад. Ташаккур ҳам ба ин ҷавон ва ҳам ба волидонаш, ки чунин Инсони хубро тарбия кардаанд!”, — афзудааст Наталя Соболева. Ҳамноми ӯ Наталя Чекунова низ навиштааст: “Чӣ қадар ҷавони олӣ! Пеши волидонаш барои тарбияи чунин фарзанд сари таъзим фуруд меорам”.  Ба ақидаи Даря Пахомова-Чурилова, “онҳое, ки бо гурбачаҳо чунин кореро раво донистанд, одам нестанд. Ҳаволаашон ба Худо! Аммо офарини  ҷавони тоҷик, ки нотарсида, ба даруни чоҳ даромад ва ин ҷонваракони хурдакакро наҷот дод. Ободу саломат бошӣ. Худо ҳатман аҷри ин амали хубатро хоҳад дод”.

То ин лаҳза дар зери ин хабари наҷоти гурбачаҳо аз сӯи ҷавони тоҷик алакай қариб 150 чунин вокуниши гарм ва қариб ду ҳазор лайк ҷамъ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button