ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

БОРИ АВВАЛ: ИХРОҶИ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОН АЗ НОВОСИБИРCК БАРОИ … БЕАДАБИИ ФАРЗАНДОН (ВИДЕО)

Як оилаи ҷӯгиҳо (лӯлиҳо) аз шаҳри Новосибирски Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд. Ин нахустин мавриди аз ин минтақаи Русия ихроҷ шудани як оилаи муҳоҷирон ба сабаби беадабии фарзандон буд. Аз беадабии писари 12-сола ва духтари 7-солаи ин хонавода дар бозори Хилокский ба мақомот як муаллимаи маҳаллӣ шикоят карда буд.

Бино ба гузориши ТВ Вести Новосибирск, дар пайи ин шикоят бо ташаббуси додситонӣ пулис ин оиларо мавриди тафтиш қарор дода, ба хулосае расид, ки ҳамаи аъзои ин хонаводаро пурра ихроҷ кунанд. Бори аввал сабаби чунин тасмим беадабии фарзандони ин оила шуд.

Зани 32-солаи Тоҷикистонро ахиран ба шуъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Ленини шаҳри Новосибирск даъват карда, нусхаи қарори ихроҷи ӯву фарзандонашро ба дасташ супурданд.

Вера Черкасова, мудири бахши муҳоҷирати шуъбаи пулиси №7 ноҳияи Ленин шахсан ин занро аз қабул шудани чунин як тасмим хабардор кард: “Муҳлати бубудбоши шумо дар қаламрами Федератсияи Русия коҳиш дода шуд. Шумо бояд дар байни се рӯз тарки Русия кунед”.

Мария, муаллимае, ки аз мақомот андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба ин оиларо тақозо карда буд, дар шарҳи ин муроҷиаташ ба “Вести Новосибирск” гуфт: “Дар назди растаи дӯконҳои сихкабобпазӣ  дар кӯчаи Хилокская ду кӯдаки бепарастор, ки ба назар мерасид, аз қавми лӯлӣ буданд, талбандагӣ мекарданд. Онҳо ба тарафи ман санг партофта, маро масхара карданд, ба рӯям хандиданд ва дар умум хеле пархошҷӯёна рафтор карданд”.

Додситонӣ бар асоси ин муроҷиат санҷишеро ба роҳ андохт ва кӯдакони бепарасторро зуд муайян карданд. Маълум шуд, ки онҳо аз Осиёи Миёна буда, падарашон дар Ватан будаст ва ин ду кӯдак: писарчаи 12-сола ва духтарчаи 7-соларо бо худаш модари онҳо ба Новосибирск оардааст. Худи ин зан будубоши худро қонунӣ кардааст, вале аз фарзандонашро дар ягон ҷо ҳатто сабти ном  накардааст.  Ин зан аз ҳисоби фаррошӣ ё ҷудо кардани меваву сабзовот дар бозори Хилокский рӯзи худро пеш мебурд, вале кӯдаконаш ба ҳоли худ бесаробон монда буданд ва дар бозор ба талбандагӣ машғул будаанд. Занро қаблан барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ду маротиба ва барои иҷро накардани масъулияташ дар тарбияи фарзандон се маротиба ҷарима баста будаанд.

Ин зан баробари ба дасташ супурдани санади ихроҷаш аз Русия се рӯзро мунтазир нашуда, ба автобус то Қазоқистон чипта харидааст ва борхалтаҳояш дар даст ба Ватан раҳсипор шудааст.

Ёвари аршади додситони ноҳияи Ленин Александр Коптсев гуфт, “дар сурати иҷро накардани қарори ихроҷаш, нисбат ба ӯ чораҳои иловагӣ андешида шуда, ӯро ба таври маҷбурӣ аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд кард”.

Ин нахустин ҳолати ихроҷи як оилаи муҳоҷирон аз вилояти Новосибирск ба далели беадабии фарзандонаш мебошад. Ихроҷи ин оила дар пайи дар Интернет нашр шудани чанд видео дар бораи беадабии фарзандони лӯлиҳо аз Осиёи Миёна дар гирду атрофи бозори Хилокский рух дод.

Аз ҷумла дар поёни моҳи август дар шабакаи “ВКонтакте” видеое нашр шуд, ки чӣ гуна кӯдакони лӯлӣ дар канори бозор пеши роҳи як духтари наврасро гирифта, ба тарафаш санг мепартоянд ва суханҳои қабеҳ зада, ба масхарааш мегиранд.

Дар пайи шикоятҳои сокинони маҳаллӣ мақомот дар бозори Хилокский, ки дар он садҳо муҳоҷир аз Осиёи Миёна кор мекунанд, чандин рейд гузаронданд. Дар натиҷа аз аввали соли ҷорӣ  танҳо аз ноҳияи Ленини шаҳри Новосибирск 277 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо дар бозори Хилокский кор мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button