МУАЛЛИФИ ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ ПИРАЗАНИ 82-СОЛА БА ИФРОТГАРОӢ АЙБДОР ШУД (ВИДЕО)
Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии ҷамоати Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдат, ки видеои латтукӯби модару бибияш ҳангоми “облава” дар Интернет сару садои зиёде ба по кард, баъди 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ бо иттиҳоми “итоат накардан ба талаби кормандони милитсия” акнун ба ифротгароӣ айбдор ва барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Рӯзи 15 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видеои қариб 13-дақиқагӣ нашр шуд, ки дар он як ҷавон бибияшро ба навор гирифта, мегӯяд, ки кормандони мақомоти шаҳри Ваҳдат омада, додарашро зӯран, бидуни аввал додани даъватнома ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд ва ҳангоми часпу талош бибии 82-солаашро бераҳмона латтукӯб кардаанд.
Муаллифи навор дар идомаи сабт хитоб ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки чаро ӯ поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистонро мебинад, вале ончиро, ки дар кишвари худаш мегузарад, намебинад?
Дар пайи нашри ин навор бисёриҳо аз мақомот хостори ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон шуданд. Вале ҷараёни ҳодисот нишон дод, ки мақомот “гунаҳкор”-ро дар симои ҷавоне, ки “облава” шудани бародарашу латтукӯб шудани бибияшро видео кард, пайдо кардаанд.
Як манбаи наздик ба сохторҳои интизомии шаҳри Ваҳдат рӯзи 1 ноябри соли 2023 ба шарти зикр нашудани номаш ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфт, рӯзи 26 октябр ба зидди Шаҳбози Шарифбек бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти ифротгароӣ аз тариқи интернет” парванда кушодаанд. Қисми дуюми моддаи 307, иловаи якуми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ин аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Як манбаи дигар дар мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат гуфт, Шаҳбози Шарифбек худи ҳамон рӯзи 26 октябр, ки муҳлати ҷазои аввалаш (10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои “итоат накардан ба кормандони милитсия) ба поён мерасид, бо қарори додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Манбаи нашрия дар мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфтааст, “Шаҳбози Шарифбек дар бозпурсиҳои нахустин аз суханҳояш пушаймонӣ кард ва гуфт, эҳсосӣ буд.” Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи дигар муяссар нашудааст. Худи Шаҳбози Шарифбек барои шарҳи қазия дастрас нест. Маълум нест, ки ӯ адвокат дорад ё не?
Сафаргул Ғафурова, бибии Шаҳбози Шарифбек гуфт, ҳар рӯз барои наберааш ба боздоштгоҳи шаҳри Ваҳдат хӯрок мебаранд, аммо то ҳол ӯро надидаанд. Ин зани 82-сола гуфт, наберааш гуноҳ надорад ва танҳо баъди зӯран ба артиш бурдани бародараш ва латукӯби ӯ асабӣ шуд.
Сафаргул Ғафурова гуфт, Шаҳбоз ва бародараш Содиқҷон, ки ӯро ба артиш бурданд, “ятими кул ҳастанд”.
“Падарашон онҳоро барвақт партофта буд, модараш ҳам дар кӯдакии онҳо фавтид. Шаҳбоз ва бародарашро ман калон кардам,” – мегӯяд Сафаргул Ғафурова. Қонунҳои Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ бурдани ятимони кул ва онҳоеро, ки саробони ягонаи оилаанд, манъ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Шодигул Ғафурова, духтари Сафаргул Ғафурова гуфта буд, ки модари Шаҳбозу Содиқҷон ӯст. Шодигул Ғафурова низ мегуфт, ки ҳангоми маҷбуран ба хидмат бурдани Содиқҷон ӯро ҳам латтукӯб кардаанд. Ӯ аз сарнавишти Шаҳбоз хеле тарс дошт, чунки “сирро баровардӣ гуфта, бачаамро ҳабс мекунанд…”
Дар Тоҷикистон чунин мавридҳои дар пайи нашри видеоҳои интиқодӣ зиндонӣ кардани шаҳрвандон зиёд аст. Чанд сол пеш, дар айни авҷи маъракаҳои зидди ҳиҷобу риш чанд ҷавонро барои ба навор гирифтану дар Интернет нашр кардани видеоҳо лаҳзаҳои дар кӯчаи манъ кардану маҷбуран аз сари занону духтарон кашидани ҳиҷобашон ва маҷбуран тарошидани риши мардони ришдор маҳкум ба зиндон карданд.
Аммо қазияи аз ҳама барҷаста, албатта, парвандаҳои журналистон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аст, ки моҳи июни соли 2022 дар пайи нашри видео дар бораи маҷбуран аз хонаҳояшон хезондани сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ва интиқодашон аз прокурори ин ноҳия, ки домоди раиси Суди олӣ ва писари вазири адлия будааст, боздошт ва маҳкум ба 10 ва 7 солу 6 моҳи зиндон шуданд. Ду журналисти дигар Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам, ки видеоҳои интиқодӣ нашр мекарданд, дар пайи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ боздошт ва ҳар кадом ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.