ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентҶомеа

НАРХИ ТАКСИҲОИ 7-СОМОНӢ ДАР ДУШАНБЕ ТО 10 СОМОНӢ БОЛО РАФТААСТ

Сокинон ва меҳмонони Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд, ки чанд рӯз боз ронандагони таксиҳои 7-сомонӣ дар шаҳр то ба 10 сомонӣ боло рафтааст. Бархе ронандагон, ба гуфтаи муштариён, 8 сомонӣ ва бархеаш 10 сомонӣ талаб мекунанд ваё вақте ки муштарӣ 10 сомонӣ дароз мекунад, худро ба нодонӣ андохта, бақияро намедиҳанд.

Аз ҷумла журналист Шервони Умриддин  дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки инак се рӯз боз ронандагони таксиҳои 7-сомонӣ аз ӯ то 10 сомонӣ талаб мекунанд.

“Во аҷабо!!! Таксиҳои ғайриқонунии 7 сомонӣ дар шаҳри Душанбе 10 сомонӣ шуд!” – навиштааст Шервони Умриддин.

Дар майдони баҳси зери ин матлаб чанд нафар навиштаанд, ки алакай як ҳафта боз нархи ин таксиҳо то 10 сомонӣ боло рафтааст.

Ронандагони таксиҳои 7-сомонӣ боло рафтани нархи маводи сӯзишворӣ ва камчин шудани он, бахусус гази моеъро барои дигарбора боло бурдани нархи роҳкирои ин навъи нақлиёти мусофиркашон далел меоранд.

Дар ҳақиқат, нархи гази моеъ, ки дар аввали моҳи октябр 6 сомонӣ буд,  дар Душанбе то ба ҳадди 8 сомонӣ расидааст ва ончунон камчин шудааст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ алакай то нимаи рӯз ҳама захираи доштаи худро фурӯхта тамом мекунанд ва ронандагон мегӯянд, ки баъзан барои пайдо кардани газ ба 4 ило 5 нуқтаи фурӯши он дар саросари пойтахт сар мезананду газ пайдо намекунанд. Нархи бензин низ ҳоло ба 12 сомонӣ наздик шудааст.

Вале Каримова Қурбонова, як корбари Фейсбук навиштааст, ки таксиронҳо аз худ рафтаанд. Ӯ ёдовар шудааст, ки вақте нархи ин таксиҳо 5 сомонӣ буд, бо баҳонаи боло рафтани нархи сӯзишворӣ то ба 7 сомонӣ қиматаш карданд, вале вақте ки нархи сӯзишворӣ арзон шуд, худро ба карӣ андохтанд ва нархашонро арзон накарданд.

Карима Қурбонова ва бисёре дигар аз сокинон аз шаҳрдории Душанбе ва масъулони соҳаи нақлиёт хостаанд, ки ба ин масъала дахолат карда, пеши роҳи беинсофии ронандагони таксиҳои  7-сомониро бигиранд.

Аммо чунин дархост вуҷуди як казус ё гиреҳи ҳуқуқӣ дар масъалаи фаъолияти таксиҳои 7-сомониро бармало мекунад. Гап сари он аст, ки фаъолияти чунин таксиҳо аз ҷониби мақомот чандин сол пеш расман манъ карда шудааст ва табиист, ки мақомот наметавонанд нархи нақлиётеро, ки фаъолияташ манъ карда шудааст, танзим кунанд.

Аммо бо вуҷуди расман манъ кардану баргузории рейдҳои фаровон ба зидди  таксиҳои 7-сомонӣ, азбаски дар шаҳр талабот ба хидматрасонии онҳо вуҷуд дорад, касе натавонист ин таксиҳоро, ки ба як рамз ё фишкаи Душанбеи имрӯза табдил ёфтаанд, аз байн барад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, мақомоти шаҳрдорӣ ба ҷои сарсахтона пойфишорӣ кардан ба манъи фаъолияти ин навъи таксиҳо бояд ба онҳо иҷозат дода, фаъолияти онҳо, аз ҷумла нархгузориҳояшонро ба танзим биоранд.

Ин навъи таксиҳо, ки дар хатсайрҳои муайян ҳаракат мекунанд,  дар Душанбе наздики 20 сол пеш пайдо шуда, дар аввал бо номи таксиҳои 3-сомонӣ маъруф буданд ва нархашон ҳам 3 сомонӣ буд. Баъдан дар пайи манъи расмии фаъолияти ин навъи таксиҳо  ва афзоиши рискҳои ронандагон (асосан аз ҳисоби рейдҳо ва пулкании нозирони БДА) нархи онҳо то ба 5 сомонӣ боло бурда шуд ва чанд сол пеш болоравии нархи сӯзишворӣ боиси то ба 7 сомонӣ ва инак ба 10 сомонӣ расидани нархи ин таксиҳо шуд.

Ин навъи таксиҳо дар ҳақиқат ба як рамз ё фишкаи пойтахти Тоҷикистон табдил ёфтаанд ва аксари сайёҳони хориҷӣ дар сафарномаҳои худ аз Душанбе ин таксиҳоро ҳамчун як навъи хидматрасонии нодир зикр мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button