ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

ФЕЪЛАН БАРОИ 10 РӮЗ: ҲАБСИ ҶАВОНЕ, КИ “ОБЛАВА” ШУДАНИ ДОДАРАШ ВА ЛАТТУКӮБИ МОДАРУ БИБИЯШРО ВИДЕО КАРД (2 ВИДЕО)

Шаҳбози Шарифбек, сокини деҳаи Одилии ҷамоати Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдатро, ки видеои латтукӯби модару бибияш ҳангоми “облава” дар Интернет сару садои зиёде ба по кард, боздошт ва феълан ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат қазияро шарҳ намедиҳанд ва маълум нест, ки ин ҷавонро мушаххасан бо чӣ иттиҳоме ба ҳабс гирифтаанд? Мақомот танҳо ба наздиконаш гуфтаанд, ки Шаҳбози Шарифбек то 10 рӯзи дигар дар ҳабс мемонад. Наздикони ҷавон тарс доранд, ки ӯро барои “баровардани сирри мақомот” метавонанд зиндонӣ кунанд.

Рӯзи 15 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видеои қариб 13-дақиқагӣ нашр шуд, ки дар он як ҷавон, ки чеҳраи худаш дар навор дида намешавад, модару бибияшро ба навор гирифта, мегӯяд, ки кормандони мақомоти шаҳри Ваҳдат омада, додарашро зӯран, бидуни аввал додани даъватнома ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд ва ҳангоми часпу талош ҳам модараш ва ҳам бибии 82-солаашро бераҳмона латтукӯб кардаанд.

Муаллифи навор дар идомаи сабт ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, мегӯяд, ки чаро ӯ поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистонро мебинад, вале ончиро, ки дар кишвари худаш мегузарад, намебинад?

Радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) рӯзи 20 октябр хабар дод, ки дар пайи нашри ин видеои интиқодӣ мақомот муаллифи он сокини ҷамоати Симиганҷ  Шаҳбози Шарифбекро дастгир кардаанд. Мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд, вале ба наздиконаш гуфтаанд, ки “феълан даҳ рӯз дар ҳабс хоҳад монд”.

“Маро, ки заданд, асабӣ шуд ва ба навор гирифт. Бачаам ҳеч гуноҳ надорад,” – гуфтааст Шодигул Ғафурова, модари Шаҳбози Шарифбек.

Модараш аз сарнавишти ояндаи Шаҳбози Шарифбек хеле дар ташвиш аст. “Сирро баровардӣ гуфта, бачаамро ҳабс мекунанд,” — бим дорад Шодигул Ғафурова.

Ба нақли пайвандонаш, моҷаро рӯзи 14-уми октябр баъди маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдани писари дигари хонадон, Содиқҷони Шарифбек, бархост. Дар ҳоле ки, ба иддаои наздиконаш, ҳеч даъватномае аз комиссариати ҳарбӣ ба Содиқҷон наомада буд.

Шаҳбози Шарифбек дар видео аз он эътироз дошт, ки мақомот натанҳо бародарашро зӯран ба хидмат бурданд, балки бибиву модарашро ҳам заданд.

Бибии ӯ Сафаргул Ғафурова ҳодисаро чунин нақл кард: “Худам омадам ва гуфтам, ки кӯдакамро набаред. Гуфтам, бачаамро кашола накунед, назанед…

“Кашола карда бурданд моро. Нозири минтақа маро сахт дошта буд. Ба дастам зад. Ҳоло варамаш гаштааст. Ба гуфтааш гуё дасти ман ба мошин зада бошад,” – ба ёд овардааст модараш, Шодигул Ғафурова.

Дар Тоҷикистон чунин мавридҳои дар пайи нашри видеоҳои интиқодӣ зиндонӣ кардани шаҳрвандон зиёд аст. Чанд сол пеш, дар айни авҷи маъракаҳои зидди ҳиҷобу риш чанд ҷавонро барои ба навор гирифтану дар Интернет нашр кардани видеоҳо лаҳзаҳои дар кӯчаи манъ кардану маҷбуран аз сари занону духтарон кашидани ҳиҷобашон ва маҷбуран тарошидани риши мардони ришдор маҳкум ба зиндон карданд.

Аммо қазияи аз ҳама барҷаста, албатта, парвандаҳои журналистон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аст, ки моҳи июни соли 2022 дар пайи нашри видео дар бораи маҷбуран аз хонаҳояшон хезондани сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ва интиқодашон аз прокурори ин ноҳия, ки домоди раиси Суди олӣ ва писари вазири адлия будааст, боздошт ва маҳкум ба 10 ва 7 солу 6 моҳи зиндон шуданд. Ду журналисти дигар Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам, ки видеоҳои интиқодӣ нашр мекарданд, дар пайи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ боздошт ва ҳар кадом ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button