КОРРУПСИЯ ДАР ҶАМОАТИ ЗАРҲАЛОЛ: ПУЛ ДОДӢ, ҶОНАТ ХАЛОС, ПУЛ НАДОДӢ, БА ХИДМАТ РАВ!
Дар Тоҷикистон як силсила мансабҳои давлатии ба таъбири маъруф “равғанӣ”-е ҳаст, ки (ин ба касе пӯшида ҳам нест) аксаран дар ивази пул фурӯхтаву харида мешаванд. Аз ҷумла мансабҳои муҳандиси заминсоз, раиси ҷамоат, раиси кумитаи замин, мудири мактаб, мудири кӯдакистон, мудири маориф…
Ва мардум баъзан дар ҳайрат меуфтад, ки чӣ гуна як ронандаи такси баногоҳ як субҳ галстук баставу костюм мепӯшад ва раиси ҷамоат ё мудири маориф мешавад. Як намунаи барҷастаи ин Иқболи Неъматулло, хусурбачаи яке аз роҳбарони вазорати маориф буд, ки як ронандаи оддӣ буду моҳи октябри соли 2022 якбора мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд ва алакай баъди се моҳу чанд рӯзи кораш барои “доля” бастани мудирони ҳамаи 65 мактаби ин ноҳия боздошт ва ба коррупсия айбдор шуд.
Ба касе пӯшида нест, ки вақте “ҳеҷбудагон” дар ивази пул ба мансабҳои равғанин даст меёбанд, бо сӯиистифода аз ин мансабҳо даст ба фасоду ришвахорӣ задани онҳо дигар амре ногузир аст, зеро онҳо дар қадами аввал дар дар фикри ягон пешравӣ, балки дар пайи он мешаванд, ки пулҳои барои харидани мансаб сарфкардаи худро пас бирӯёнанд…
Сокинони ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҳамин гуна аз раиси ин ҷамоат Ҳомидов Шоакбар шикоят доранд, ки чанд сол пеш аз мансаби муовини раиси ҷамоат барои кадом гуноҳе барканор гардида, ба Русия ба мардикорӣ рафта буд ва тақрибан якуним сол пеш баъди аз Русия баргаштанаш баногоҳ … раиси ҷамоат таъйин шуд.
Дар аҳди Ҳомидов, ба гуфтаи сокинон, раҳбарони ҷамоат барои тамоми чиз аз мардум пул мекананд. Ҳатто барои издивоҷ!
“Раиси ҷамоат Шоакбар Ҳомидов ба воситаи Насим ном мулозимаш, ки дар бахши танзим кор мекунад ва тақсим кардани даъватномаҳои комиссариати ҳарбӣ ҳам дар дасти ӯст, аз ҷавононе, ки тобистон, моҳҳои июн, июл ва август зан мегирифтанд, агар хидмати ҳарбӣ нарафта бошанд, аз ҳар кадомаш аз 2 ҳазор то 3 ҳазор сомонӣ талаб карда, мегирифтанд ва танҳо баъди ин ба гузарондани тӯяшон иҷозат медоданд. Ба онҳое, ки аз додани пул саркашӣ мекарданд, иҷозати тӯй намедоданд ва рӯйхат мекарданд, ки моҳи октябр ё ноябр барои рафтан ба хидмат тайёр шавед”, – навиштаанд дар аризаи шикоятиашон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” сокинони ҷамоати Зарҳалол.
Мавсими даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ, ё ба қавли мардум, “вақти повесткадиҳӣ” барои роҳбарони ҷамоат ба як мавсими пулғундорӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи сокинон, Шоакбар Ҳомидов ҳамроҳ бо ҳамон Насими “повесткатияк” ба хонаҳои сокиноне, ки фарзандонаш дар Русия дар мардикорианд, рафта, метарсонанд, ки агар бачаатро оварда, ба артиш нафиристӣ, бурда маҳкамат мекунем. Маълум аст, ки кам касе писарашро аз Русия бармегардонад ва ба артиш мефиристад. Онҳо маҷбуранд, ки ба раиси ҷамоат ва Насим аз 1000 то 1500 сомонӣ дода, ҷони писарашонро то мавсими оянда “бихаранд”. Ба гуфтаи сокинон, ба хонаи онҳое, ки пул медиҳанд, дигар то поёни мавсим аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома намеояд. Дар мавсими оянда айни моҷаро бо ҳама тарсдиҳиву пулканиҳояш аз нав такрор мешавад.
Баъди раиси ҷамоат таъйин шудани Шоакбар Ҳомидов, шаҳрдори Истаравшан Адҳам Маъмурзода шарташ гузошта буд, ки аввал писари худатро ба хидмат мефиристӣ ва танҳо баъди ин ба корат идома медиҳӣ. Ҳомидов, ба гуфтаи сокинон дар ҳақиқат писарашро аз Русия овард ва ба хидмат фиристод. Писари ӯ дар худи Истаравшан дар як қисми низомӣ дар деҳаи Ругунд, маркази ҷамоати Сабристон дар марз бо Ӯзбекистон хидмат мекард, вале ҳамагӣ 5 ило 6 моҳ хидмат карду … ҷавобаш доданд. Сокинон мепурсанд, магар қонун барои раисон дигару барои мардуми оддӣ дигар аст, ки писари ин мансабдор ҳамагӣ ним сол хидмат карду фарзандони мардум бояд ду соли тамом хидмат кунанд?
Ин тасвире, ки сокинон аз ҷамоати Зарҳалол навиштаанд, хоси танҳо ин ҷамоат нест. Мутаассифона, пулканӣ барои буд кардани ҳар ҳоҷати мардум: аз гузарондани тӯю маърака то дархости қитъаи замин, рафтан ё нарафтан ба хидмати ҳарбӣ… ва ҳазору як ҳоҷати дигар дардест хоси бисёре аз мансабдорони маҳаллӣ дар бисёре аз ҷамоатҳои Тоҷикистон…