ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатҲуқуқи инсон

ТУ ДИГАР ОЧА НАДОРӢ… НАШРИ ВИДЕОҲОИ НАЗДИКОНИ ДАСТГИРШУДАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ЭЪТИРОЗҲОИ БЕРЛИН (ВИДЕО)

Дар пайи аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шудани даҳҳо тан аз наздикони иштирокчиёни эътирозҳои мухолифини тоҷик дар Берлин акнун тавассути саҳифаҳову каналҳои марбут ба троллҳои наздик ба мақомот чанд видеои ин боздоштшудаҳо нашр шуд, ки дар ин сабтҳо онҳо фарзандони худро барои иштирок дар эътирозҳои зидди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳкум карда, якеаш аз президент барои рафтори фарзандаш узр мепурсад.

Дар кадом шароит сабт шудани ин видеоҳо маълум нест ва ин ҳам маълум нест, ки оё онҳо ин суханонро бо ихтиёри худ ба забони меоранд ваё онҳоро маҷбур кардаанд?  Бино ба маълумоти дарёфтӣ, сабти чунин видеоҳо бо маҳкум кардани фарзандонашон дар маҳзари ом як шарти мақомот барои озодии ин боздоштшудаҳо будааст.

Дар видеои Тағоймурод Холиқов, падари Беҳрӯз Тағойзода, маъруф ба Салмон Холиқов,  яке аз лидерҳои ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24” ва муҷрии барномаи “Садои мардум” эҳсос мешавад, ки ӯ матни тайёршударо зоҳиран аз рӯи қоғаз қироат мекунад.

Тағоймурод Холиқов, ки дар мактаби деҳаи Шайхони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ муаллими оддист ва аз шаби 29 сентябр дар боздошт қарор дошт, дар муроҷиатномаи видеияш, ки рӯзи 8 октябри соли 2023 нашр шуд, рафтори писарашро маҳкум мекунад ва мегӯяд, ки агар дигарон барои фарзандонашон ифтихор кунанд, ӯ аз фарзанди худ шарм медорад. Тағоймурод Холиқов дар ин видео ҳамчунин аз президенти Тоҷикистон барои фаъолиятҳои оппозитсионии фарзандаш узр мепурсад ва ҳам барои ин узрхоҳӣ мекунад, ки садҳо фарзанди мардумро тарбия дода тавонист, вале фарзанди худро натавонист.

Беҳрӯз Тағойзода рӯзи 9 октябри соли 2023 дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, вазъияти падарашро хуб дарк мекунад: “Ман хуб медонам, ки падарам дар кадом вазъият чӣ ҳарфҳоро мезанад. Чеҳраи пур аз ғам ва фишори баланд дар симояш дида мешавад. Мутаассифона, дар кадом шароит ин матни омодакардаро хондааст, ӯ худаш медонаду Худо”.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё падари Беҳрӯз Тағойзодаро баъди ин видеои “тавба” озод кардаанд ё на?

Аммо Гулхумор Восиева, модари 50-солаи Абдухалил Восиев, як фаъоли дигари мухолифинро баъди нашри муроҷиатномааш ҷавоб додаанд. Абдухалил Восиев бародари Абдураҳим Восиев аст, ки соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум гардид. Абдухалил Восиев баъди зиндонӣ шудани бародараш соли 2019 ҳамроҳи оилааш ба Олмон паноҳ овард ва ду фарзанди хурдиаш дар Аврупо ба дунё омаданд. Ӯ дар Аврупо ба фаъолиятҳои оппозитсиониаш идома дод ва аз ҷумла дар эътирозҳои рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар Берлин фаъолона иштирок дошт. Абдухалил Восиев аз ҷумлаи гуруҳи тарафдорони мухолифин буд, ки шоми 28 сентябр дар як дӯкони шаурмафурӯшӣ дар Берлин бо аъзои ҳайъати расмии Тоҷикистон дастбагиребон шуданд.

Абдухалил Восиев дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки азбаски падараш солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, кормандони мақомот алакай шаби 29 сентябр ба хонаи онҳо дар деҳаи Гузари болои ноҳияи Қубодиён омада, модарашро бо худ бурдаанд. Гулхумор Восиеваро се рӯз дар боздоштгоҳи воқеъ дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ва сипас ду рӯзи дигар дар шаҳри Бохтар нигоҳ дошта, ба гуфтаи писараш, танҳо баъди ба ӯ занг задану қатъи фаъолиятҳои оппозитсионии ӯро талаб карданаш аз боздошт раҳо кардаанд.

Дар видеое, ки троллҳои ҳукуматӣ нашр карданд, Гулхумор Восиева писарашро барои иштирокаш дар эътирозҳои мухолифин мазаммат мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки “агар як бори дигар садоятро барорӣ, ман дигар телефонатро намебардорам. Ман дигар ин хел бача надорам, ту ҳам дигар оча надорӣ. Барои ман ғаму дарди Абдураҳим бас аст!”

Маълум нест, ки оё ин суҳбат дар кадом шароит сурат гирифтааст ва оё Гулхумор Восиева бо ихтиёри худ ин ҳарфҳоро ба забон меорад ё на? Вале писари ӯ Абдухалил Восиев муътақид аст, ки модарашро дар ивази озодӣ ба гуфтани ин ҳарфҳо водор кардаанд.

“Баъди боздошти модарам, ман дар канали “Ислоҳ ТВ” баромада, гуфта будам, ки Лондон меравам ва сафири Тоҷикистонро, ки Рухшона Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст, бо тухм мезанам. Ба ақидаи ман, баъди ин мақомот тасмим гирифтанд, ки ба воситаи модарам бо чунин шева ба ман фишор биоранд ва аз роҳам бигардонанд. Дар ҳақиқат, баъди ин ҳарфҳои модарам ман аз тасмими сафар ба Лондон худдорӣ кардам”, –  гуфт Абдухалил Восиев.

Ба ҳисоби созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW)  мақомоти Тоҷикистон дар пайи силсилаи эътирозҳои рӯзҳои 28-29 сентябри мухолифин дар шаҳри Берлин ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни ин эътирозҳо ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифинро боздошт кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ чунин амали мақомоти Тоҷикистонро “интиқомгирӣ аз хешовандон барои фаъолиятҳои оппозитсионии дигар аъзои хонаводаҳояшон” ва “ҷазои дастаҷамъона” номида,  аз ҷомиаи байналмилалӣ хостанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварда, Душанберо ба иҷрои уҳдадориҳояш дар бобати риояи ҳуқуқи инсон водор кунанд.  Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин хостори ба ҷавобгарӣ кашондани мансабдорони масъули ин боздоштҳо ва дигар мавридҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button