ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатҲуқуқи инсон

МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН ДАСТИКАМ 47 ХЕШУ ТАБОРИ ИШТИРОКЧИЁНИ ЭЪТИРОЗҲОИ БЕРЛИНРО ДАСТГИР КАРДААНД

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW)  рӯзи 6 октябр бо нашри як изҳорот хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи силсилаи эътирозҳои рӯзҳои 28-29 сентябри мухолифин дар шаҳри Берлин ба зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздики 50 тан аз хешовандони иҳтирокчиёни ин эътирозҳо ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифинро боздошт кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар умум боздошти 47 тан аз хешовандони фаъолони мухолифинро сабт карда, чунин амали интиқомгирии мақомоти Тоҷикистон аз хешовандон барои фаъолиятҳои оппозитсионии дигар аъзои хонаводаҳояшонро “амали шармовар ва нобахшиданӣ” номидаанд. Дидбони ҳуқуқи башар гуфт, аз ин 47 нафари дастгиршуда қисмеро озод карданд, вале бисёриҳо инак беш аз як ҳафта боз бо иттиҳоми норӯшане ҳамчунон дар паси панҷара боқӣ мемонанд.

Сайнат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Марказӣ гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон дар тӯли солҳо дар муқобили фаъолиятҳои сиёсии фаъолони дар хориҷ қарордошта аз шеваи ҷазоҳои дастаҷамъӣ кор мегиранд. Ин боздоштҳо дағалона поймол кардани уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқи инсон аст ва бояд ҳамаи боздоштшудагон озод карда шуда, чунин ниқоргириҳо бас карда шавад”.

Рӯзи 28 сентябр, дар рӯзи аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, фаъолони Паймони миллии Тоҷикистон ва “Гуруҳи 24” – ду ҳаракати оппозитсионии дар худи Тоҷикистон мамнӯъ– ҳамроҳ бо фаъолони дигар дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Рӯзи 29 сентябр чанде аз фаъолони мухолифин мошини президент Раҳмонро, ки ба мулоқотҳо бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва садри аъзами ин кишвар Олаф Шолтс равон буд, тухмборон карданд.

Ва алакай рӯзи 30 сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба боздошти хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин ва мухолифони шинохта сар карда, дар умум, ба ҳисоби Дидбони ҳуқуқи башар, 47 нафарро дастгир карданд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар изҳороташ гуфт: “Дар байни боздоштшудагон бобоҳову бибиҳо ва кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Синни онҳо аз кӯдаки якунимсола то пири 81-сола буда, бино ба хабарҳо, боздоштшудагон ба бадрафторӣ, таҳдид, шантаж ва таҳқир дучор шудаанд. Бисёре аз хешовандонро видео гирифтаанд, ки дар ин сабтҳо онҳо рафтори хешовандони мухолифин худ ва гуруҳҳои мухолифинро маҳкум мекунанд ва аз мухолифин даъват мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Дар чӣ шароите сабт шудани ин муроҷиатномаҳо рӯшан нест. Дар гузашта дар Тоҷикистон боздоштшудагонро маҷбур мекарданд, ки чунин видеоҳо сабт кунанд”.

 Мақомоти Тоҷикистон дар тӯли солҳо, бахусус баъди соли 2015, ки фаъолияти созмонҳои умдаи мухолифин: ҳизби наҳзати ислом ва “Гуруҳи 24” дар кишвар манъ карда шуд, аз чунин таҷрибаи боздошт ва фишор ба хешовандони фаъолони мухолифин фаровон истифода мебаранд. Паймони миллии Тоҷикистон соли 2018 дар Варшава ташкил шуд, вале фаъолияти он дар Тоҷикистон алакай соли 2019 манъ карда шуд.

13 нафар аз тақрибан 30 иштирокчии эътирозҳои Берлин бо нашри як муроҷиатнома аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби хешовандони онҳо ва ҷазо додани хешу таборашон барои ниқоргирӣ аз фаъолиятҳои онҳоро бас кунад. Яке аз иштирокчиёни эътирозҳои Берлин Шарофиддин Гадоев гуфтааст, мақомот модари 72-солаи ӯро боздошт карданд ва ин зани солхӯрдаро маҳз ба иштироки писараш дар эътирозҳои Берлин айбдор карда, гуфтаанд: “Чаро писарат ором зиндагӣ намекунад? Шарт аст ба корҳои сиёсӣ машғул шуданаш?

Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи мавҷи ахири боздоштҳои хешовандони фаъолони мухолифинро ягон хел шарҳ надодаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороташ гуфт: “Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар бахшҳои ҷомиаи байналмилалӣ бояд ин амалҳои шармовар ва нобахшидании ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карда, ба ҳукумат фишор биоранд, то ки мақомоти Тоҷикистон чунин қонуншиканиҳоро бас карда, уҳдадориҳои байналмилалии худ дар масоили озодии гирдиҳамоиҳо ва озодии баёнро риоя кунанд”. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин таъкид кардаанд, ки мансабдорони дастдошта дар ин боздоштҳои худсарона ва дигар мавридҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Сайнат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Марказӣ гуфт: “Ҷазо додани хешовандона ба далели наздикиашон ба фаъолони сиёсии дар хориҷ қарор дошта амале маҳкум буда, аз решааш ғайриқонунист ва бибсёре аз меъёрҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро зери по мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд боздоштшудагонро бидуни таъхир озод карда, аз идомаи таъқибот даст бикашанд”.

Душанбе то кунун ба ин изҳорои Дидбони ҳуқуқи башар ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button