ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ШЕФИ ЁВОН? Ё ЧАРО МАСЪАЛАҲОРО БА ҶОИ РАИС РОНАНДАИ РАИС ҲАЛ МЕКУНАД?

Намедонам, аҳамият додед ё на?, вале вақтҳои охир бисёре аз мансабдорон дар Тоҷикистон дар паҳлуи худ нафарони мавриди эътимоди худро ҷобаҷо карда, масъалаҳои ҳассос, аз ҷумла масъалаҳоеро, ки ба қавли маъруф, “пул доранд”, тавассути ҳамин нӯкарони худ ҳал мекунанд.

Ин корро Баҳром Иноятзода дар вақти шаҳрдори Истаравшан буданаш таҷриба карда буд. Он вақт ронандаи ӯ бо лақаби Ҷонӣ ҳамаи соҳибкорони Истаравшанро ба дод оварда, аз номи Иноятзода аз онҳо бо ҳар баҳона (мисли тайёрӣ ба пешвозгирии президент ё баргузории ҷашну маросим) аз яке пулу аз дигаре чанд мошин хишт ё ягон мошин орд ё гандум канда мегирифт. Дар ниҳоят, Ҷониро вақти пулгирӣ доштанд ва вақте ки мо дар ин бора мақолае бо номи “Ҷонӣ кист?” навиштем, шаҳрдории Истаравшан расман раддия навишт, ки ронандае бо чунин ном дар мақомоти иҷроияи давлатии ин шаҳр аслан кор намекунад.

Дар ниҳоят, Баҳром Иноятзода он ронандаашро барои онки ӯро нафурӯхт ва ҳама ин тамаъҷӯиҳоро ба каллаи худ гирифт, кумак кард, то бо ҷарима аз ҷавобгарӣ халос шавад.

Иноятзода, ки баъдан айни корро дар шаҳри Кӯлоб созмон дод ва масъалаҳои “пулдор”, ба мисли қитъаҳои заминро дар инҷо боз ҳам тавассути ронандаашу ёрдамчиаш анҷом медод, дар ниҳоят ба даст афтод ва бо ҷурми гирифтани пора ва дигар амалҳои коррупсионӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми додгоҳ ӯро чунон ҳайратзада карда буд, ки дар толори додгоҳ фарёд ҳам кашид, ки “дар Тоҷикистон адолати судӣ нест”.

Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, ки қаблан дар мақоми муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон кор мекард, тоза моҳи январи соли 2023 раиси ноҳияи Ёвон таъйин шуд. Зоҳиран ҳадаф аз таъйини як мақоми вазорати саноат ба раҳбарии яке аз ноҳияҳои саноатии ҷумҳурӣ ҷонноктар кардани фаъолияти соҳаи саноат дар ин қаламрав буд.

Бахтиёр Шарифӣ ба Ёвон ҳамроҳи ронандааш, ки Далер ном дорад, омад. Дар байни ҳамагӣ чанд моҳ Далер тавонист тақрибан тамоми умури ноҳияи Ёвон: аз тақсими қитъаҳои замин то таъйини раисони ҷамоатҳо ва ба дигар мансабҳо дар мақомоти маҳаллиро ба дасти худ бигирад.

Маълум нест, ки ронандаи раис ягон маълумоти олӣ дорад ё на, вале кормандони ҳукумати ноҳияи Ёвон мегӯянд, раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ ба ҷуз аз ронандагӣ ҳамчунин вазифаи ёрдамчии худ ва ҳам сардории шуъбаи кадрҳоро ба Далер супурдааст.

Раиси ноҳия ҳатто дар як ҷаласа аз ҳама хостааст, ки ба ронандаи ӯ Далер “раис” гуфта муроҷиат кунанд, чунки ӯ ҳам ҳоло раис шудааст. Ҳоло касе бидуни иҷозати Далер ба пеши раиси ноҳия даромада наметавонад ва агар касе шикоят кунад, ӯ ба рӯяш мегӯяд, ки: “Манам шефи Ёвон! Ман ҳал мекунам, ки кӣ ба кадом мансаб таъйин шавад ва кӣ не!”

Баъди нав шудани раиси ноҳия ва омадани Бахтиёр Шарифӣ, Аҳлиддини Абдуҷалилро аз мақоми раҳбари дастгоҳ озод карда, ба ҷояш Эмомалӣ Файзализодаро таъйин кардаанд. Вале Файзализода ба корафтодагон худаш иқрор мекунад, ки аз дасташ чизе намеояд, ӯро танҳо барои намуд ба ин мақом таъйин кардаанд. Ӯ ба корафтодагон машварат медиҳад, ки ба ронандаи раис Далер муроҷиат кунанд.

Мутмаинем, ки айни ҳолатро дар бисёре дигар аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон метавон дучор шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button