ВидеоИлму фанноварӣФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ КАЛОНИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Масъуд Турсунзода, писари калонии шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, субҳи 12 сентябри соли 2023 аз олам чашм пӯшид. Солҳои охир Масъуд Турсунзода аз бемории қанд ранҷ мекашид ва ҳамин беморӣ дар ниҳоят сабаби маргаш шудааст. Дар вақташ, дар соли 1977 маҳз сабаби марги падари шуҳратёри ӯ низ бемории қанд шуда буд.

Масъуд Турсунзодаро рӯзи 12 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Мирзо Турсунзода се фарзанд: ду писар ва як духтар дошт. Писари хурдии ӯ Парвиз Турсунзода, ки риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси тарҷумон дар Ироқ, сипас дар студияи дубляжи “Тоҷикфилм” ва солҳои ахир дар ширкати “Вавилон” кор карда буд, ду сол пеш, 31 июли соли 2021 вафот кард.

Масъуд Турсунзода, ки ихтисосаш физика ва радиотехника буд, солҳо раҳбари Коллеҷи техникии Тоҷикистон буд ва солҳои ахир дар соҳаи алоқаи мобил кор мекард.

Бо даргузашти ҳарду писари Мирзо Турсунзода аз фарзандони ӯ танҳо духтараш Фирӯза Турсунзода боқӣ мемонад.  Фирӯза Турсунзода нахустин духтари тоҷик буд, ки риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, умри худро ба таҳқиқоти илмӣ бахшид ва  соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа ва профессор шуд.

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар Қаротоғ ба дунё омада, соли 1977 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Мирзо Турсунзода аз соли 1939 то дами маргаш дар тӯли 38 сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1961 унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 1967 унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро ба даст оварда буд. Соли 2001, пас аз маргаш ба устод Турсунзода унвони аз ҳама баланди кишвар —  Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Аз Мирзо Турсунзода чанд китоби шеър ва достонҳое, чун “Ҳасани аробакаш”,  “Ҷони ширин”,  “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Аз Ганг то Кремл”, “Арӯс аз Маскав” ба ёдгор мондааст.

Фирӯза Турсунзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ман ходаги будам дар техникум страительниба укас одами чанати мехрубон ман чанбор хондана партофтани будам леки малим лекин падар мо гуйем мешад онкас хонед духтарам пагох рахмат мегуйед чояшон чанат шавад рухашон шод шавад дуо мекунам укаса

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button