ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 18 ТОҶИКИ НОБОЛИҒ ДАР ҶАРАЁНИ РЕЙДИ ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “БАРАХОЛКА”-И ШАҲРИ АЛМА-АТО

Дар ҷараёни як рейд дар бозори машҳури “Барахолка дар Алма-Ато, шаҳри бузургтарин ва пойтахти собиқи Қазоқистон  39 муҳоҷири хориҷиро ба далели надоштани санади иқомат дастгир кардаанд. Аз ин шумор 36 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 18 нафари ин тоҷикҳои дастгиршуда ноболиғон будаанд. Дар ин бора рӯзи 9 сентябри соли 2023, иттифоқан дар рӯзи Иди истиқлоли Тоҷикистон, Полиция.Кз, пойгоҳи хабарии пулиси Қазоқистон бо такя ба маълумоти сардори идораи муҳоҷирати департаменти пулиси Алма-Ато Асхат Бутунчинов хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, дар идомаи амалиёти вижа бо номи “Участок”, ки инак қариб як моҳ боз дар Алма-Ато идома дорад, дар бозори “Барахолка” ва кӯчаҳои атрофи он рейд гузарондаанд.

Асхат Бутунчинов дар шарҳи натиҷаҳои рейд гуфт: “Дар ноҳияи Алатау 39 хориҷиеро, ки бо худ санад надоштанд, дастгир карданд. 36 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда,18 нафараш ҳанӯз ба синни балоғат, яъне ба 18 нарасидаанд. Инҳо наврасони синнашон 16-17 мебошанд. Наврасонро барои андешидани чораҳои марбута  ба шуъбаи пулиси ювеналӣ (пулиси ноболиғон) супурданд. Дигар хориҷиёни дастгиршударо ба тавқифгоҳи департаменти пулис бурданд”.

Амалиёти  “Участок” дар Алма-Ато аз нимаи дуюми моҳи август ба ин тараф идома дорад.

Пулиси шаҳри Алма-Ато  қаблан хабар дод, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аз қаламрави Қазоқистон ихроҷ кардааст.

Бино ба иттилои  Polisia.kz, кормандони пулис из 30 нафарро рӯзи 3 сентябри соли 2023 дар автобуси махсус бор карда, ба гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон овардаанд ва аз ҳамин гузаргоҳ аз Қазоқистон берунашон кардаанд. Ин гузаргоҳ дар фосилаи тақрибан 800 километр аз шаҳри Алма-Ато ҷойгир шудааст.

Дар хадамоти муҳоҷирати Алма-Ато гуфтаанд, ки ин муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ҷараёни 18 рӯзи аввали амалиётии “Участок” муайян ва дастгир кардаанд.

Сардори идораи муҳоҷирати департаменти пулиси Алма-Ато Асхат Бутунчинов гуфт: “Тайи 18 рӯз дар шаҳр 2380 ҳолати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ошкор карда шуд. Аз ин шумор 813 қонуншиканаш хориҷиён буданд. Онҳоро бар асоси моддаи 517 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонданд. 387 шаҳрванди хориҷӣ, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташонро надоштанд, дар тавқифгоҳи пулис таҳти боздошт қарор гирифтанд. Нисбат ба 349 шаҳрванди худи Қазоқистон ҳам, ки будубоши қонунии хориҷиёнро таъмин накардаанд, ҷазоҳои маъмурӣ андешида шуданд”.

Қазоқистон, ки кишвари саршор аз маъданҳои табиӣ, бо шумули нафту газ ва аз нигоҳи саноатӣ нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна пешрафта ба шумор меравад, баъди Русия ба дуюмин бозори бузурги кор барои муҳоҷирони корӣ аз ин минтақа, аз ҷумла барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон табдил ёфтааст. Як қисми ин муҳоҷирон дар Қазоқистон даҳҳо ҳазор тан аз зодагони Осиёи Миёнаанд, ки ба далелҳои мухталиф, аз ҷумла барои вайрон кардан қоидаҳои муҳоҷират, аз Русия ронда шудаву аз ҳаққи убури марзи ин кишвар барои чанд сол маҳрум гардидаанд ва ба ин далел, худро ба бозори кори Қазоқистон мезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button