ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ТАХТАБОЗОРИ ҲИСОР

Тақрибан соати чори субҳи барвақти 31 августи соли 2023 дар тахтабозори Ҳисор, яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон сӯхтор ба амал омадааст, ки чандин соат боз идома дорад.

Дар хадамоти сӯхторнишонии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” хабар додаанд, ки сӯхтор дар тахтабозори Ҳисор субҳи барвақт соати 4:16 сар зад.

Тибқи иттилои пешакӣ, майдони сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва то кунун хомӯш кардани он идома дорад.

“Кормандони хадамоти оташнишонӣ то ҳол дар ҷои ҳодиса қарор дошта, бо сӯхтор мубориза мебаранд”,-таъкид кардаанд дар раёсат.

Барои рафъи сӯхтор дастаҳои оташнишонӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат ҷалб шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, касе осеб надидааст. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисороти расида таҳқиқ мешавад.

Дар видеоҳои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки аз тахтабозор алангаи дуду оташ ба осмон баланд шуда истодааст ва чандин дӯконе, ки ба шакли шипанг сохта шудаанд, дар коми оташ қарор доранд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор  сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button