ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ НОБОЛИҒ АЗ ВОСЕЪ ВА ДАНҒАРА ДАР ПОЙТАХТ БАРОИ ҒОРАТГАРӢ ВА ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023

Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

78

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ноҳияи Мӯъминобод муроҷиат намудааст, ки 30-юми августи соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи ошкоро аз дасташ ҳамёнашро, ки дар дохили он 7 ҳазор сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии маблағ аз дохили нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

101

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми августи соли 2023, тахминан соати 11:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба нуқтаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар кӯчаи Қазоқони пойтахт даромада, аз хазинааш 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button