ВидеоҲодисаҶомеа

БО БЕРАҲМИИ МАХСУС: СОКИНИ РӮДАКӢ БА ҚАФАСИ СИНАИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ 10 КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори ҳамсари собиқ аз ҷониби шавҳари собиқ хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.

Худи ин мард барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи милитсия, ӯ шоми 29-уми августи соли 2023, тахминан соати 19:00, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо собиқ ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари собиқаш аз дохили мошин як кордро дар ҷайбаш гузошта, ба назди собиқ ҳамсараш омадааст ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими қафаси синааш зиёда аз 10 маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби чунин рафтори тунди шавҳари собиқ нисбат ба ҳамсари собиқаш гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Ба сокини Рӯдакӣ бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан ва бо бераҳмии махсус расондани осеби вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button