ВидеоТоҷикистон

АКСУ ВИДЕО НАГИРЕД! ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО ДАР ОРОМГОҲИ САРИОСИЁ БА ХОК СУПУРДАНД

Муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи чоршанбе, 30 августи соли 2023 дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Маросими намози ҷанозаи ӯ таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиё баргузор шуд. Мақомот ба хабарнигорон иҷозат надодаанд, ки аз ин маросим акс ё видео бигиранд. Онҳоеро, ки акс ё видео гирифта буданд, маҷбур кардаанд, ки он аксу видеоҳоро аз телефонҳои худ пок кунанд.

Сабаби чунин рафтори мақомот рӯшан нест. Худи онҳо сабаби манъи аксу видеогирӣ аз маросими видоъ ва дафни Шуҳрат Исматуллоевро шарҳ надодаанд.

Ҳасан Исматуллоев, мудири маркази “Рӯдакӣ Плаза” ва бародари Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 31 август, баъди дафни бародараш дар саҳифааш дар Фейсбук ба мардум ва мақомот барои ҳимоят ва пуштибониашон дар ин рӯзҳои мусибат изҳори сипос кард:

“Мехоҳам аз номи худам ва оилаамон ба кулли дӯстон, рафиқон, шиносон ва тамоми нафароне, ки дар муддати 67 рӯз дар бари мо буданду бо мо ғамшарик буданд, изҳори сипос кунам. Худованд аз ҳамаи Шумо розӣ бошад!!! Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое,ки нисбати оилаи мо дуои нек карданду, дар ҳаққи бародари шаҳиди мо, Акаи Шӯҳратҷон дуои худро дареғ намедоштанд. Худованд мусибату имтиҳоне, ки ба сари оилаи мо овард,  ба ягон оилаи Тоҷикистонии азизамон нишон надиҳад! Ба истиснои оилаи қотилон, ташкилкунандагон, рӯпӯшкунандагон ва ин гуна Рустамбашараву Дилшодбашараҳоро то ба ҳол дастгири мекардагиён. Худованд хору залилатон гардонад!!!!” – навиштааст бародари ғамзадаи Шуҳрат Исматуллоев.

Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд. Ӯро одамрабоён шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, ба як манзили аз пеш ба иҷора гирифтаашон ба деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Баъди 7 соати шиканҷа, соати сеи шаби 24 июн Исматуллоев ҷон дод.

Одамрабоён ҷасади  ӯро ҳамроҳи мошин ба дарё партофта, ба ҳар тараф фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.  Рӯзи 25 июн Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки дар рабудани Исматуллоев иштироки бевосита дошт, ба Туркия ва аз онҷо рӯзи 30 июн ба Молдова фирор кард. Вале ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва Ашӯров аз тарси ин ки ӯро ба Тоҷикистон месупоранд, туфангчаи марзбони молдованро кашида гирифта, ӯ ва як подполковник аз хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров сипас ҳангоми боздошташ 10 тир хӯрд ва рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов ши канҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт. Ашӯров гуфт, онҳо Исматуллоевро барои биткоинҳояш, ки гӯё ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд.

Ҷасади аз сӯи одамрабоён ба дарёи Зарафшон партофтаи Шуҳрат Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 12 август аз соҳили Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразми Панҷакент, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карданд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, аз 16 узви гуруҳи ҷиноие, ки Исматуллоевро рабуданд, 13 нафараш дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ба даст доштан дар ин ҷиноят аз ҷумла Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва Қамар Азизов, шарики тиҷоратии Шуҳрат Исматуллоев ва бародари ҳунармандони гуруҳи овозадори “Анис”-ро гунаҳкор мекунанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, роҳбарии гуруҳи одамрабоёнро Дилшод Саидмуродов,  мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, корманди собиқи мақомоти мухталифи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бар уҳда дошта, баъди куштану ба дарё партофтани ҷасади Исматуллоев ба Русия паноҳ бурдааст. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки “Дилшоди Красавчик” қабл аз рабудани Исматуллоев ҳам дар саффи зархаридони ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангид ва баъди фирораш аз Тоҷикистон низ дар яке аз пойгоҳҳои зархаридон дар қаламравҳои ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.

Рӯзи 29 август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода дар Маскав хабар дод, ки мақомоти Русия боз ду нафари муттаҳам дар қатли бонкдори тоҷикро дастгир кардаанд. Раҳимзода барои баррасии мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ва масъалаи боздошту истирдоди Дилшод Саидмуродов, муттаҳами асосӣ дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев ба Маскав рафта буд. Бовар меравад, ки баъди ҳалокати  фармондеҳони ЧВК “Вагнер” бар асари суқути ҳавопаймояшон имкони дастгир кардану ба Душанбе овардани “Дилшоди Красавчик” бештар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Дилшоди касифчик ва ҳамроҳони касифи ӯ гуяд:

    Як суоли беҷавоб ин аст, ки ин 16-нафар аз ин ҷинояти сахту сангину нангин ЧӢ СУД бурданд? Ангезаҳои ин номардӣ чӣ буд? Сабабу омилҳои дӯздию қатли бонкдор чӣ буд? Оё ба ҳадафи ниҳоии худ расиданд? Дилшод Саидмуродов назди дурбинҳои ВКД ба таври муфассал ҳамаи паҳлуҳои ин ҷиноятро баён кунад!!! Ба ҳамаи ин 16-авбош ҳукми абад тадбиқ шавад!!!

  2. Дилшоди касифчик ва ҳамроҳони касифи ӯ-шағолсифатони бӯздили одамшакл, ки қонуни ҷангалро дар зиндагии худ пиёда кардаанд, бинобар сабаби ҳасудӣ, бахилӣ, нодидагӣ, гурусначашмӣ, ғаразу мараз, кинаву адоват, душманӣ, ҳисси авбошӣ, дарандагӣ ва аз ҳама муҳим нодонӣ, бесаводӣ, донишгадоӣ ва ғайра НОБИҒАИ НОДИРИ ТАХАССУСРО ваҳшиёна ба шаҳодат расонидаанд. Маҳз шаҳид, чунки гуноҳаш на дар назди қонуни башар исбот шудааст, на дар назди қонуни шаръӣ, на дар назди қонуни бонкдорӣ, на дар назди қонуни дӯстӣ, ҳамкорӣ, тиҷорат, дар назди ҳеч касеву ҳеч чизе собит нашудааст, бинобарин шахси бегуноҳе сиҳату солим, аз дасти чанд гурги дарранда кушта шудааст. Ва хонаводаи Исматуллоевҳо ҳақ доранд, ки ҳам интиқом бигиранд, ҳам ҷуброни молӣ, ҳам ҷуброни маънавӣ, ҳам ҳар даъво ва талабу дархости дигар. Худо раҳматаш кунад ва ҷояш дар ҷаннат гардонад, аз гуноҳҳонаш даргузарад, бо шуҳадо маҳшураш гардонад, омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button