ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

МИСЛИ ҲАРАМИ СУЛТОН СУЛАЙМОН: ҚИССАИ ЭШОНИ ҲАСАН, КИ 13 ЗАНУ ДУХТАРРО БА НИКОҲИ ХУД ДАРОВАРДААСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як нашри вижаи барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти Ҳасан Мухторов, маъруф бо лақаби Эшони Ҳасан, муллои ҷинхоне хабар дод, ки 13 зану духтарро ба никоҳи худ даровардааст, вале бо бархеи онҳо ҳамагӣ чанд моҳу бо бархеаш ҳатто ҳамагӣ 3 рӯз зиндагӣ кардааст. Эшони Ҳасан, бино ба гузориши ВКД,  дар баробари бисёрзанӣ ҳамчунин ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад.

Худи Эшони Ҳасан барои шарҳи қазия дастраас нест, вале ВКД мегӯяд, аксари ин занону духтароне, ки ӯ ба никоҳи худ дароварда буд, аз байни онҳое будаанд, ки барои аз баданашон дур кардани ҷинҳо ба ин муллои ҷинхон муроҷиат кардаанд.

ВКД мегӯяд, Эшони Ҳасан баъди қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ ин занҳоро дар нимароҳ мепартофт ва аз пардохти алимент ба фарзандони худаш саркашӣ мекард. Ҳасан Мухторов барои напардохтани алимент қаблан маҳкум ҳам шудааст.

Дар гузориш ба далелҳои ахлоқӣ номи занҳое, ки Эшони Ҳасан ба никоҳи худ даровардааст, гуфта нашудааст ва чеҳраҳои онҳоро низ пинҳон кардаанд.

Вале дастикам 7 зан  дар гузориши ВКД баёнот медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд.

Яке аз ин занҳо мегӯяд: “Ҳасан Мухторов барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам, ки шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”.

Як зани дигар дар навор иброз медорад, ки 10 рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳамсуҳбат шудаанд, ӯ худро эшон муаррифӣ кардааст ва баъди он ҳамдигарро дида, никоҳ кардаанд.

“Бо Ҳасан Мухторов 4 моҳ зиндагӣ кардам. Баъди он фаҳмидам, ки эшон боз оилаи дигар доштааст. Ҷанҷол кардам ва ҷудо шудем”, – мегӯяд ин зани ҷавон.

Нигоҳубини чандин оила кори осоне нест ва зоҳиран ба ҳамин далел, Эшони Ҳасан даст ба чандин қаллобӣ ба маблағи бузург задааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад дар гузориш, ӯ дар Русия бо роҳи фиреб ба боварии  як зан даромадаст ва  барои тавассути шиносҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳалл кардани мушкилоти ин зан аз вай 500 ҳазор рубл гирифта, ин пулро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва кори он занро буд накардааст.

Ба Эшони Ҳасан барои бисёрзанӣ бар асоси моддаи 170 Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 69 ҳазор то 136 ҳазор сомонӣ ва барои қаллобӣ ба маблағи бузург бар асоси моддаи 247 то чанди соли зиндон таҳдид мекунад.

Бар асоси омори вазорати адлия, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон бо иттиҳоми бисёрзанӣ  254 парванда кушода шуда, 222 нафар барои издивоҷ бо чанд зан ҷазо гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button