ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

4 ҲАВОПАЙМО НОБУД КАРДА ШУД: САНГИНТАРИН ҲАМЛА БА РУСИЯ АЗ ОҒОЗИ ҶАНГАШ БО УКРАИНА (ВИДЕО)

Русия шаби 30 августи соли 2023 ба сангинтарин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин тайи якунмим соли ҷангаш ба зидди Украина дучор шуд.  Мақомоти 6 минтақаи Русия ва шаҳри ишғолшудаи Севастопол аз ҳамлаҳои дронҳо хабар доданд.

Ҳамлаи аз ҳама сангинро шаҳри Псков, макони будубоши чандин қисми ҳарбии артиши Русия дучор шуд. Шаби гузашта дар Псков фурудгоҳе, ки дар он ҳам ҳавопаймоҳои мулкӣ ва ҳам ҳавопаймоҳои ҳарбӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Нашрияи “Псковсая губерния”  дар бораи ҳамлаи дастикам 10 дрон хабар дод. Дар аксу  видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки аз дохили фурудгоҳ алангаи дуду оташ ба осмон баланд мешавад. Хабаргузории ТАСС гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи шабона дар фурудгоҳи Псков 4 ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии тамғаи Ил-76 осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия низ осеб дидани ҳавопаймоҳоро тасдиқ кард, вале шумораашонро нагуфт. Андрей Усов, намояндаи идораи ҷосусии Украина гуфт, ба маълумоти онҳо, 4 ҳавопаймои Ил-76 аз байн бурда шуда, чанд ҳавопаймои дигар осеб дидаанд.

Ҳамла ба Псков зоҳиран бузургтарин ҳамла ба пойгоҳҳои ҳавоии артиши Русия дар ақибгоҳ ба шумор меравад. Гуфтанист, ки Псков аз Украина тақрибан 800 километр дур аст ва барои расидан ба он дронҳо аз Украина бояд қаламрави Беларусро низ убур кунанд.

Ҳарчанд мақомоти Русия дар пайи ҳамлаҳои дронҳо ҳамешаа Украинаро айбдор мекунанд, вале Киев  то ба ҳол ягон бор масъулияти ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дохили қаламрави Русияро ба дӯш нагирифтааст ва ин хабарҳоро маъмулан шарҳ намедиҳад.

Волии вилояти Псков Михаил Ведерников гуфт,  бар асари ҳамлаҳои ахир касе осеб надидааст, вале парвозҳо тавассути фурудгоҳи Псков то рӯзи панҷшанбе бекор карда шудаанд.

“Псковская губерния” навишт, ки ҳадафи ҳамлаҳо метавонист базаи маҳсулоти нафтӣ дар дохили фурудгоҳ бошад. Вале бар асоси фарзияи дигар, ҳадафи ҳамла метавонист пойгози ҳарбии Черехино бошад. Дар ин пойгноҳ полки 104-уми десантию таҳоҷумӣ ҷойгир шудааст. Ин полк соли 2022 дар амалиёти ишғоли шаҳри Буча дар вилояти Киев иштирок карда буд. Баъди озод кардани Буча дар онҷо даҳҳо мавриди қатли омми сокинони мулкӣ аз сӯи артиши Русия ошкор гардид.

Вазорати мудофиаи Русия ҳамчунин дар бораи суқут додани 3 ҳавопаймои украинӣ дар осмони вилояти Брянск ва як дрони дигар дар вилояти Орёл хабар дод. Вале волии Орёл Андрей Кличков дар бораи суқути ду дрон дар ин вилоят хабар медиҳад Бино ба хабарҳо, яке аз дронҳо дар вилояти Брянск болои корхонаи Кремний ЭЛ” афтода, боиси сар задани сӯхтор шудааст.

Субҳи 30 август волии Брянск Александр Богомаз аз ҳамлаи боз 3 дрон ҳабар дод ва гуфт, ҳарсеро нирӯҳои зиддиҳавоӣ суқут додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ҳамлаи дронҳо манораи телевизион буд.

Шаби 30 август вазорати мудофиаи Русия аз суқут додани як ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Калуга хабар дод. Волии ин вилоят Владислав Шапша гуфт, ин минтақаро ду дрон ҳамла кардаанд ва яке аз онҳо ба анбори холии маҳсулоти нафт афтода, боиси сӯхтор шудааст.

Дар ноҳияи ҳамсояи Рязан, ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, ду дронро суқут додаанд ва соати чори субҳ, як дрони дигар дар ҳудуди ноҳияи Рузи вилояти Маскав нобуд карда шуд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт,  касе осеб надидааст.

Фурудгоҳҳои Маскав муваққатан баста шуданд, вале нимаи дуюми рӯзи 30 август ҳамаи онҳо ба таври маъмулӣ кор мекарданд.

Волии Севастопол Михаил Развожаев хабар дод, ки шабона дронҳо ба бандари марказии ин шаҳри аз сӯи Русия ҳанӯз соли 2014 ишғолшуда ҳамла кардаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард ва нақша дошт, ки дар байни ҳамагӣ чанд ҳафта артиши Украинаро торумор карда, дар Киев ҳукумати ба Маскав содиқро рӯи кор биорад.

Вале бо гузашти якуним сол Маскав натавонист ба ҳадафҳои худ дар Украина ноил шавад ва дар ботлоқи ҷанги Украина ба таври хеле ҷиддӣ ва зоҳиран барои муддати тӯлонӣ дармондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button