ВидеоМуҳоҷирон

6 ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ГАРАВГОН ГИРИФТА, 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРДААНД

Сомонаи пулиси Қазоқистон Рolisia.kz пӯзи 16 августи соли 2023 хабар дод, ки дар шаҳри АлмаАто, бузургтарин шаҳри ин кишвар як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро бо номи М. гаравгон гирифта, дар як манзил маҳкам кардаанд ва дар ивази раҳоияш аз наздикони он мард 20 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Ҷаннат Нуралиев (Жанат Нургалиев), сардори УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи пулиси шаҳри АлмаАто дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Як шаҳванди Тоҷикистон ба пулис хабар дод, ки ҳамватани ӯ М., соли таваллудаш 1991, 13 август ба як мулоқот рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса гуруҳи фаврию тафтишотӣ созмон дода шуда, бар асоси моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Тафтишот дар навбати аввал муайян кард, ки шаҳрванди Тоҷикистонро рабудаанд. Дар пайи ин мо макони нигоҳдории ӯро муайян кардем. Ин манзили иҷора дар ноҳияи Медеу ҷойгир шуда буд. Бо кумаки нирӯҳои вижа амалиёти вижа баргузор карда шуд ва 6 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми рабудани ҳамватани худ бо мақсади талаб кардани пул ба маблағи 20 ҳазор доллари Амрико дастгир шуданд. Онҳо гаравгонро мезаданд ва ҷараёни шиканҷаи ӯро видео мегирифтанд”.

Нуралиев хабар дод, ки гумонбаршавандагон ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба онҳо барои одамрабоӣ тибқи қонунҳои Қазоқистон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ин қазия, сабаби ба асорат гирифтани М. ва номи тоҷикистониҳои дастгиршуда нашр нашудааст. Худи онҳо ва ҳамин тавр, ҷабрдида М. барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Пулиси Қазоқистон акси як қисми бадани ҷабрдидаро нашр кардааст. Аз акс дида мешавад, ки ҷабрдида як марди ҷавон аст ва дар баданаш осори зиёди латтукӯб ба назар мерасад.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин масири бузурги сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин кишвар даҳҳо ҳазор зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Вале то кунун аз Қазоқистон дар бораи мавридҳои даст ба ҷиноятҳои сангин задани тоҷикистониҳо мисли ин қазияи ба хотири пул гаравгон гирифтани ҳамватани худ, хабарҳо хеле кам ба даст мерасид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button