ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК САИДМУҲАММАД ОДИНАЕВ

Олими шинохтаи тоҷик академик Саидмуҳаммад Одинаев шоми 3 августи соли 2023 дар синни 81 аз олам чашм пӯшид.  Саидмуҳаммад Одинаев 19 октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли 1965 риштаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Ӯ дар тӯли 58 сол то поёни умраш ба таҳқиқоти илмӣ дар риштаи физика машғул шуда, чандин сол дар риштаи физикаи Донишгоҳи давлатӣ (баъдан миллӣ) ва беш аз 30 сол дар Пажуҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳо ба номи Султон Умаров кор карда, то ба мақоми мудири ин пажуҳишгоҳ расидааст. Саидмуҳаммад Одинаев аз соли 1988 то 2001 мудири Пажуҳишгоҳи физика ва техника, аз соли 2001 то 2005 ректори Донишгоҳи фаннии ба номи М.Осимӣ ва аз соли 2005 то 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сипас  чандин сол ноиби президенти Академияи илмҳо ва мудири шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ дар ин ниҳоди асосии илмии Тоҷикистон буд.

Саидмуҳаммад Одинаев рисолаи номзадиашро соли 1983 дар Донишгоҳи Киеви Украина ва рисолаи докториашро соли 1995 дар Душанбе ҳимоя карда, ҳамон сол унвони доктори илмҳои физикаю математика ва соли 1996 унвони профессоро ба даст овард. Соли 2008 Одинаев унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ӯ ҳамчунин ҳанӯз соли 1994 узви Академияи илмҳои Ню-Йорк ва соли 2004 академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб шуда буд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Саидмуҳаммад Одинаев назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ буда, ӯ муаллифи беш аз 170 монография ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Академик Одинаев яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистикии ҳолати моеъи моддаҳо ва муҳаққиқи эътирофшуда дар таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ ба шумор мерафт.

Бо вуҷуди ному мақому унвонҳои баланд, академик Одинаев бо хоксории худ шуҳрат дошт.

Журналист Одил Нозир  менависад, моҳи октябри соли 2022, вақте мехостанд ҷашни 80-солагии ин донишмандро дар сатҳи расмӣ доир кунанд, академик Одинаев ба суоли Одил Нозир дар бораи ин ки ҷашнаш кай ва дар куҷо доир хоҳад шуд?, чунин посух додааст: “Аз раёсати Академияи улум пешниҳод карданд, ки бахшида ба мавлуди банда ҳамоиш баргузор кунанд, гуфтам, ки донишгоҳ мегузаронад, аз раёсати Донишгоҳи миллӣ пешниҳод карданд, ки ҳамоиш баргузор кунанд, гуфтам, ки Академия мегузаронад. Ба ин васила аз ду ҳамоиш халос шудам. Яъне розӣ нашудам, ки бахшида ба 80-солагии банда чорабиние сурат бигирад.”

Одил Нозир аз ин дар ҳайрат шуда, сабаб пурсидааст. Донишманд гуфтааст: “Ҷоиз намедонам, ки мардум ташвиш бикашанд ва таҳаммул намекунам вақте маро дар ҳузури худам таърифу тавсиф мекунанд.”

“Устод, Шумо одами арзанда, академик, шахсияти шинохта, бояд дар мавлуди шумо ҳамоиш баргузор мешуд”, – гуфтааст Одил Нозир. Аммо академик Одинаев сухани ӯро бурида, ин рубоиро хондааст:

Айб аст баланд баркашидан худро,

В-аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.

Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,

Дидан ҳама касрову надидан худро.

“Воҳима лозим нест. Мо коре накардаем, ки кирои воҳима бошад. Аз дастамон омад, шароит буд, кор кардем. Қаҳрамонӣ-ку накардаем…” – афзудааст Саидмуҳаммад Одинаев.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button