ВидеоИлму фанноварӣРӯйдодҳои Бадахшон

ВАЗОРАТИ МАОРИФ РИОЯ НАШУДАНИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИРО САБАБИ БАСТАНИ ЛИСЕЙИ ОҒОХОН НОМИД (ВИДЕО)

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон риоя нашудани Стандарти давлатии таҳсилотро сабаби бастани лисейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ номид. Зиёдулло Абдуллозода, муовини вазири маориф рӯзи 1 августи соли 2023 дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, яке аз сабабҳои аслии давлатӣ кардани ин муассисаи таълимӣ берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони лисейи Оғохон буд.

Ба гуфтаи Абдуллозода, низоми таҳсил дар Тоҷикистонро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале, ба иддаои ӯ, аз ҷониби муаллимони литсейи Оғохон “дар баъзе ҳолатҳо” талаботи Стандарти давлатӣ гӯё сарфи назар шудааст.

“Нишондодҳои Стандарти давлатии таҳсилот аз ҷониби муаллимони ин литсей сарфи назар мешуданд. Аз ҷумла, муаллимони литсей берун аз нақшаҳои таълимӣ амал мекарданд. Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд”, – шарҳ додааст муовини вазири маориф ва илм.

Ба гуфтаи Абдуллозода,  ҳатто баъзе аз хатмкунандагони ин литсей забони давлатиро намедонистаанд.

“Як омили муқаддасе, ки барои ҳар як соҳибватан бисёр чизи азиз аст, масалан омӯзиши фаннӣ забони давлатӣ. Мутаассифона дар ин муассисаи таълимӣ ба омӯзиши дигар фанҳо бисёртар диққат дода, ҳатто гуфтан мумкин, ки дар бисёр ҳолатҳо хатмкунандагони ҳамин муассиса забони давлатиро намедонистанд”, – гуфтааст Зиёдулло Абдуллозода.

Аммо омӯзгорони собиқи лисейи Оғохон ва чанде аз дастпарварони он ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки ин даъвои вазорати маориф асос надорад, чунки лисейи Оғохон ба шогирдонаш тамоми донишҳои муосир, аз ҷумла забону адабиёти тоҷикро меомӯзонд ва бо сифати хеле беҳтар аз аксари мактабҳои маъмулӣ. Онҳо иддаои вазорат дар бораи дар Лисейи Оғохон сарфи назар шудани талаботи Стандарти давлатии таҳсилотро низ рад мекунанд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод”, лисейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар поёни моҳи июни соли 2023 ба “лисей барои хонандагони боистеъдод” табдил дода шуд ва ба ин тартиб, давлатӣ гардонда шуд. Мақомот аз ҳамаи омӯзгорони “Лисейи Оғохон” хостаанд, ки тарки ҷойи кор накунанд ва дар мактаби нав ба кори худ идома диҳанд. Ҳамин тавр ба волидони шогирдони ин мактаб ҳам пешниҳод кардаанд, ки фарзандони худро аз лисейи нав нагиранд.

Лисейи Оғохон дар тӯли солҳо яке аз муассисаҳои аз ҳама муътабар дар байни мактабҳои миёна дар Бадахшон ба шумор мерафт ва садҳо тан аз шогирдони он ба донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дохил шуда, тавонистаанд мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун шаванд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, аз соли 1957, инак 66 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд ё мекарданд.

Баъди саркӯби эътирозҳои дар Бадахшон,  сохторҳои гуногуни марбут ба Оғохон дар ин вилоят ва дар умум дар Тоҷикистон ба фишори ҷиддие аз ҷониби мақомот дучор шудаанд.

Қаблан мақомот лагерҳо ё урдугоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилояти Бадахшонро, ки тақрибан 30 сол боз аз ҳисоби Фонди Оғохон маблағгузорӣ мешуданд, бастанд. Ҳамчунин дар Хоруғ чанд боғчаву кӯдакистоне, ки Хадамоти маорифи Оғохон маблағгузорӣ мекард, давлатӣ карда шуданд. Мақомот ҳамчунин меҳмонхонаи “Serena”  дар Хоруғ ва биноҳои марбут ба Аввалин Бонки молиявии хурд ва MSDSP (Барномаи пуштибонӣ аз рушди кӯҳистон)-ро мусодира карданд ва бино ба иттилои расида, додситонии вилоят ба додгоҳ дар мавриди давлатӣ кардани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маҳаллаи Даштак дархостҳои расмӣ ирсол кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button