ВидеоИқтисодТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО+5 AKC АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР УРМЕТАН БА 63 ХОҶАГӢ ЗАРАР РАСОНДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 июли соли 2023 дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Лахшу Айнӣ, Панҷакент ва Исфараю Деваштичу Истаравшан боришоти шадид ба амал омада, дар Лахшу Айнӣ ва Панҷакенту Исфара сел омадаст.

Аз ҷумла нимаи дуюми рӯзи 28 июл  наздик ба соати 14:30, бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад, ки дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, хонаҳои истиқоматии сокинон ва иншоотҳои ёрирасон зери об монданд ва қисман зарар диданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, сел дар ин деҳаи бузурги ноҳия ба 63 хоҷагӣ зарар расонд, ки аз он 7 хонаи истиқоматӣ ва 56 иншооти ёрирасону қитъаҳои наздиҳавлгӣ буданд.

Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эъзом шуд. Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва расонидани кумакҳои аввалия ба зарардидагон ба кор оғоз кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, сел дар Урметан талафоти ҷонӣ надошт.

Соати 14:45  боронҳо боиси омадани сел дар ҳудуди ҳеҳаҳои Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент шуд. Дар натиҷа роҳҳои байни деҳаҳо, заминҳои кишовразӣ дар қаламрави деҳаҳои Рой, Раводии фамоати деҳоти Амондара зара диданд

Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

28 июли соли 2023, наздик ба соати 17:35, бар асари боронҳо дар ҳудуди маҳаллаи Хушоботи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара сел омад. Хушбахтона, манзили истиқоматии сокинон аз ин сел зарар надид. 

Ҳамчунин аз боронҳои пуршиддат омадани селҳо дар қаламрави ноҳияҳои Истаравшан ва Деваштич ба қайд гирифта шуданд. 

28 июли соли 2023, тахминан соати 18:05 дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво сатҳи об дар рӯдхонаи Сугат дар минтақаи Арчакаппаи ноҳияи Лахш афзуд. Ин боиси омадани сел шуд, ки ҷараёни ҳаракати дарёи Сурхобро муддати 30 дақиқа баст. Дар айни замон ҳудудан 300-400 метр роҳи мошингард баста буда, ҳаракати  нақлиёт муваққатан боздошта шудааст. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ идома доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон кардааст, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон,рӯзҳои 29-32 дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд. Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Аксҳои КҲФ аз Урметан:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button