ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ СУХАНГӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ ШАРҲИ “НОМАҚБУЛ”-И МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН

Сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов талаб кардаанд, ки раҳбари хадамоти матбуоташ Доирбек Орунбековро аз мақом барканор кунад. Нома ба Ҷабборовро, ки зери он беш аз 20 нафар имзо гузоштаанд, дар Фейбук намояндаи созмони ҷамъиятии “Интербилим” Гулгааки Мамасолиева нашр кард.

Дар нома чунин омадааст:  “Рӯзи 24 июл сухангӯи шумо Доирбек Орунбеков дар Фейсбук маълумоти тасдиношударо нашр карда, сокини деҳаи Оқсой Жениш Дубанаевро айбдор кард, ки ӯ “дар ҳолати мастӣ қарор дошт”. Ин маълумот нафақат дар Қирғизистон, балки дар байни сокинони Тоҷикистон низ паҳн шуд ва онҳо дар каналҳои худ моро айбдор мекарданд ва мегуфтанд, ки “ана сухангӯи президенти Қирғизистон ҳам тасдиқ кард, пас маълум мешавад, ки дар ҳақиқат, муноқишаро ҳамеша ҷониби Қирғизистон шурӯъ мекунад”.

Дубанаев ронандаи мошини “Мерседес” аст, ки рӯзи 24 июл пеши роҳи корвони арӯсӣ аз деҳаи тоҷикнишини Ворухро гирифт ва чанд мошинро сангборон кард. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, маҳз  рафтори ҳамин сокини Қирғизистон, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, сабаби шурӯи муноқиша шуд. Марзбонони Қирғизистон бошад дар шарҳи худ гуфтанд, ки аҳли корвони арӯсӣ аз Ворух дар роҳ чанд бор ба ҳаракати ронандаи қирғизистонӣ мамониат эҷод кардаанд ва ҳамин сабаби муноқиша гардид.

Доирбек Орунбеков дар шарҳи ин қазия дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар муноқишаи марзӣ се сокини Қирғизистон захмӣ шуданд.  Ӯ ҳамчунин навишта буд, ки дар аввал як сокини Қирғизистон, дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба тарафи мошини як сокини Тоҷикистон санг партофтааст. Баъдтар Орунбеков бидуни ягон шарҳ ин матлаби худро аз саҳифааш дар Фейсбук пок кард.

 Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button