ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ТИЛЛОИ ХИТОЙ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Нимаи дуюми рӯзи 28 июли соли 2023 дар корхонаи тиллои ширкати хитоии ТВЕА дар мавзеи Боғи Муроди ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон сӯхтор ба амал омад.

Дар видеое, ки корбарон ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки  доманаи оташ як бинои дуқабатаи истеҳсолиро фаро гирифтаа ва аз дохили он алангаи оташу дуд ба ҳаво баланд мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, дар коргоҳи сангрезакунӣ (дробилка)-и корхонаи коркарди тиллои ширкати хитоии ТВЕА  бар асари боришоти зиёди рӯзҳои охир оҳак бо хлор омехта шуда, таркидааст ва сипас коргоҳ оташ гирифтааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва ҳаҷми зарари расондааш ба ширкати хитоӣ ҳанӯз маълум нест.

Ширкати ТВЕА чанд сол пеш бо харҷи 349 миллион доллар, ки аз он 17 миллион доллараш саҳми худи Тоҷикистон ва маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буд,  Маркази дуюми гармидиҳии Душанберо бунёд кард ва дар иваз ҳукумати Тоҷикистон ба ин ширкат ҳаққи истихроҷи тилло дар конҳои тиллои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро доданд. Захираи тиллои ин ду кон тақрибан 64 тонна баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button