ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТОҶИКИСТОН СӮЗОНДАНИ КИТОБИ “ҚУРЪОН” ДАР ШВЕТСИЯВУ ДАНИЯРО МАҲКУМ КАРД ВА “ТАҲҚИРИ ЭҲСОСОТИ ТАМОМИ МУСУЛМОНОН” НОМИД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сӯзондани китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон” дар Шветсияву Данияро барои мусалмонон таҳқировар номид ва маҳкум кард. Дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 28 июли соли 2023 ба хабаргузории русии ТАСС гуфтаанд, ки чунин амалҳо низоъҳои байни мазҳабҳоро бармеангезанд.

Таҳқири китоби муқаддаси “Қуръон” таҳқири эҳсосоти тамоми мусулмонони ҷаҳон буда, дар ҷомиаи тухми ҷудоӣ мекорад ва муноқишаҳои байни динҳоро таҳрик медиҳад”, –  нақли қавл кардааст ТАСС аз намояндаи идораи сиёсати хориҷаи Тоҷикистон.

 Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтаанд, ки “Тоҷикистон ҳамеша тарафдори муколамаи созандаи байни тамаддунҳо буда, ҳар навъ зуҳури сӯи таҳаммул, ифротгарӣ ва террористӣ, адвату душманӣ ва ҷангу низоъро маҳкум мекунад”.

Рӯзи 26 июл президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев аз байни сарони давлатҳои мусалмони Осиёи Марказӣ нахустин шуда сӯзондани “Қуръон” дар чанд кишвари Аврупои шимолиро маҳкум кард. Тоқаев гуфт, “чунин иғвоҳои ғайримуҷоз эҷоди ташаннуҷ дар ҷаҳони муосир, ба ҳам задани эътимод байни халқҳову кишварҳоро ба ҳадаф доранд”.

Ба ақидаи президенти Қазоқистон, “мавридҳои афзояндаи вандализми динӣ ва рафтори бемасъулиятонаи афроди шаҳрвандони ин кишварҳо амчун аъмоли зидди меъёрҳои аз сӯи ҳамагон пазируфташудаи ҳусни ҳамҷавории мутамаддини кишварҳо ва динҳобояд якдилона маҳкум карда шавад ва дар ин масъала бояд мавқеи қотеи худро Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид низ баён кунад.

Ёдовар мешавем, ин мавҷи китобсӯзониҳо 28 июни соли 2023, дар рӯзи иди барои мусалмонон муқаддаси Азҳо, ё Қурбон дар як тазоҳуроти бо иҷозати пулис доиршуда дар майдони марказии шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шветсия аз ҷониби паноҳҷӯи масеҳии 37-сола аз Ироқ Салвон Момиқа шурӯъ шуд. Момиқа дар мазҳари ом чанд саҳифаи китоби “Қуръон”-ро канда, оташ зад. Момиқа ҳамин тавр, рӯзи 20 июл дар як тазоҳуроти дигар дар назди сафорати Ироқ дар Стокҳолм китоби китоби “Қуръон”-ро зери по кард, вале ин бор оташ назад.

Дар посух шаби 20 ба 21 июл садҳо нафар аз тарафдорони рӯҳонии маъруфи шиъа Муқтадо Садр дар шаҳри Бағдод ба сафорати Шветсия дар Ироқ ҳамла оварда, бинои сафоратро оташ заданд.

Дар пайи ин рӯзи 21 июл дар Аврупо мавҷи нави “Қуръон”-сӯзонӣ оғоз шуд ва аъзои гуруҳи тундгарои “Ватандӯстони Дания” рӯзи 24 июл дар назди сафорати Ироқ дар Копенҳаген ва рӯзи 25 июл дар назди сафоратҳои Туркияву Миср китоби муқаддаси мусалмонҳоро оташ заданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Алхамдулиллох! Ташаккури зиёд ба хамаи рохбарони давлат ки мукаддасоти хамат мусулмононро ихтиром доранд ва аз хукуки маьнавии мардуми худ ки аксарият мусулмонанд дифоъ мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button