ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЯК ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР ҒАФУРОВ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШРО КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2023 аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи қаблан ҳам зиндонишудаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, нимашаби 25-уми июли соли 2023, тахминан соати 23:30, бинобар сабаби нофаҳмиҳои ба миён омада, дар хонаи истиқоматии ҳамсараш, ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корд ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ  чанд зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса оварда нашудааст. Дар бораи сабаби муноқишаи шавҳар бо ҳамсари ҷавонаш низ чизе ба ҷуз аз “бинобар сабаби нофаҳмиҳои ба миён омада” гуфта нашудааст.

ВКД гуфт, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2014 бар асоси қисми дуюми моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии хидмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ, ё ба истилоҳи дигар барои “дедовшина” зиндонӣ шуда буд.

ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба шавҳари бадҷаҳл барои расондани осеби вазнин ба саломатии ҳамсараш то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ФАКАТ ШАВХАРОНРО ГУНАХГОР КУНЕД,!!!

    ЗАНХО ХАМАТОН БЕГУНОХЕД!!!

    ЧИ ПРОБЛЕМАЕ, КИ ДАР ЗИНДАГИ МЕШАВАД, 70%-АШ АЗ БЕАКЛИВУ БЕИНСОФИИ ЗАН САР МЕЗАНАД!!!

    ДАР ОХИР КУДАКХО САГЕРА МЕМОНАНД!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button