Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БО ДОСУ КАЛАНД ЗАДАНД… ОДАМКУШӢ ДАР КОНИБОДОМ БАРОИ ТАҚСИМИ ОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2023 аз ошкор шудани як ҳодисаи одамкушӣ дар Конибодом хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 48 ва 59-солаи сокини шаҳри Конибодом, шаби 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар назди ҷӯйбори обтақсимкунӣ бинобар сабаби тақсимоти оби полезӣ бо марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз каланд ва дос ба қисмҳои гуногуни баданаш зада, ӯро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Минбаъд гумонбаршавандагон бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардаашон ва бо ин роҳ раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷасади марҳумро дар мавзеи қумзори шаҳри Конибодом гӯронидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Худи ин ду марди дастгиршуда ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Дар бораи дар кадом деҳа ё ҷамоат ваё дар худи шаҳри Конибодом рух додани ин ҳодиса низ маълумоти муфассал дода нашудааст.

Ба ин ду сокини Конибодом барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Масъалаи таъмини оби полезӣ дар деҳоти Тоҷикистон ба як мушкили доғ табдил ёфтааст ва бисёр вақт дар бораи ҷанҷоли сокинон ҳангоми тақсими об хабарҳо ба даст мерасанд.

Вале ҳодисаи одамкушӣ ҳангоми тақсими об ангуштшумор буда, соли ҷорӣ бори аввал хабараш расонаӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button