ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ҲОКИМИ СОБИҚИ ТИРМИЗ БА 11 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД


Додгоҳи шаҳри Тирмиз рӯзи 27 июли соли 2023 ҳокими собиқи ин шаҳри воқеъ дар ҷануби Ӯзбекистон Исроилро  Худойбердиев ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ шаҳрдори собиқро  дар тасарруфи маблағҳо, сӯиистифода аз мансабу мақом, гирифтани пора, шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастоварда гунаҳкор донист. Ҳамроҳи Худойбердиев дар парвандаи пурсарусадои сохтмони маркази савдои “Яшил дунё” боз 16 мансабдору соҳибкор ва масъулони ширкатҳои сохтмонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Бархеи онҳо бо ҷарима халос хӯрда, бархеи дигараш маҳкум ба зиндон шуданд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон қаблан зарари ба давлат расида аз аъмоли Исроил Худойбердиев ва зердастони ӯ танҳо аз ҳисоби тасарруфи маблағҳо дар маркази саводи “Яшил дунё”-ро 35,6 миллиард сӯм (беш аз 3 миллион доллар) баровард карда буд.

Аммо наздикони маҳкумшудагон ин парвандаро “фармон аз боло” мешуморанд ва мегӯянд, баъди барканории раиси собиқи Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон Зайнилобиддин Низомиддинов ҳамаи вазирону ҳокимҳои ба ӯ наздик барканор ва як қисмаш боздошт шуданд.

Шаҳри Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон, дар соҳили дарёи Амӯ дар канори марз бо Афғонистон, дар фосилаи ҳамагӣ 60 километр аз марз бо ноҳияи Шаҳритӯси Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Додгоҳи олии Ӯзбекистон дар каналаш дар Телеграм дар шарҳи 11 сол ҳукми зиндони Исроил Худойбердиев гуфт, ки додгоҳи шаҳри Тирмиз ҳокими собиқи ин шаҳрро бар асоси 7 моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон гунаҳкор донист:

167 (тасарруфи маблағҳои давлатӣ);

205 (сӯиистифода аз мақому мансаб);

206 (берун рафтан аз ҳадди ваколат);

209 (сохтакорӣ бо истифода аз мансаб);

210 (гирифтани пора);

2294 (вайрон кардани тартиби ҷудо кардани замин);

243 (қонунӣ гардондани пулҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастоварда).

Муовинони Исроил Худойбердиев, меъмор, лоиҳакаш, бо ҷарима халос хӯрда, аз толори додгоҳ озод карда шуданд. Чанд муттаҳами дигар, аз ҷумла роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ чандсолӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Исроил Худойбердиев аз соли 2017 то октябри соли 2022 шаҳрдори Тирмиз буд. Ӯ моҳи октябри соли 2022 аз мақом барканор ва ҳамроҳ бо ҷамъе дигар аз зердастонаш ва соҳибкорону масъулони ширкатҳои сохтмонӣ дастгир шуд.

Ҳамсари ӯ Дилноза Соқиева гуфт, баъди барканории Низомиддинов дар пайи эътирозҳои хунини Қароқалпоқистон раҳбари нави дастгоҳи президент қариб ҳамаи ҳокимони наздик ба Низомиддиновро аз мақом барканор ва бархеашро боздошт кард.

“Яке аз онҳо шавҳари ман буд. Дар додгоҳ исбот шуд, ки баёнот ба зидди шавҳари манро бо роҳи фишор ба даст овардаанд. Аз ҷумла Ҷалил ном соҳибкор гуфт, ӯро фишор овардаанд, ки агар дар мавриди пора доданат ба ҳоким баёнот надиҳӣ, зиндонӣ мешавӣ. Ин соҳибкор гуфт, ки ӯ зиндонро интихоб карду баёноти дурӯғ надод”, гуфтааст Соқиева ба Озодлик.

Термезский городской суд по уголовным делам.
Додгоҳи Тирмиз

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button