ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВКД БО АЙБИ КОРМАНДОНИ БДА ҲАЛОК ШУДАНИ 6 НАФАР ДАР НОҲИЯИ ҶОМИРО РАД КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2023 дар як як баёнияи алоҳида садамаи пурқурбонии рӯзи 21 июл дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро, ки боиси ҳалокати 6 нафар гардида, видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳоро ба бор овард, шарҳ дод. ВКД гуфт, ҳар гуна овозаҳо, ки гӯё ин мошин дар натиҷаи таъқиби он аз ҷониби кормандони БДА ба садама дучор гардида бошад, “асоси воқеӣ надоранд”.

Қаблан дар Интернет бархе шоҳидон аз ноҳияи Ҷомӣ навиштанд, ки мошини “Опел – Астра – Караван” ҳангоми таъқиб аз ҷониби кормандони БДА ба дарёи Ёвонсӯ чаппа шуда, ронанда ва 5 мусофири ин мошин, аз ҷумла се кӯдаки хурдсол ғарқ шудаанд ва кормандони БДА чунин оқибати кори худро дида, ба ҷои кумак аз ҷои ҳодиса филфавр фирор кардаанд.

ВКД тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ин садама худи ронанда ва 5 мусофираш ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари ин “Опел – Астра – Караван”: падару писар Менгиқулов Ҷӯрабек Очилдиевич, соли таваллудаш 1979, Менгиқулов Ҳусейн Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
“Дар рафти таҳқиқ мусофирони мазкур мавриди пурсиш қарор гирифта, онҳо ҳолати таъкиб намудани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд”, -гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

ВКД гуфт, доир ба ҳолати мазкур аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад. Додситонии Хатлон низ ахиран тасдиқ кард, ки тафтиши ин садамаи пурқурбониро ба дӯши худ гирифтааст.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии додситонӣ гуфт: “Муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”. Аммо Валӣ Ваҳҳобов дар бораи бо гуноҳи кӣ рух додани ин ҳодиса, аз ҷумла пиромуни фарзияи даст доштани кормандони БДА дар нишаст чизе нагуфт.

Қаблан гузориш шуда буд, ки садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Ҷомӣ нимаи дуюми рӯзи 21-уми июл,  тахминан соати 16:19 дақиқа рух дода, дар натиҷаи идораи мошинро аз даст додани ронандаи 42-сола Диловар Давлатов мошини тамғаи “Опел-Астра Караван” ба дарёи Ёвонсӯ  сарозер шуд ва 6 нафар: худи ронанда, як марди 65-сола, ҳамчунин Бибизайнаб Гулмирзоеваи 26-сола бо се тифли хурдсолаш: Лайлои яксола, Фаридуни дусола ва Барнои сесола ғарқ шудаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар пурхатар дониста мешаванд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам як нафар дар садама ҷон медиҳад.

Дар моҳҳои маю июни соли равон аз Тоҷикистон дар бораи ҳалокати дастикам 80 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳои дигар дар садамаҳо хабарҳо ба даст расида буд. Аз аввали моҳи июл алакай наздики 50 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button