ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ҚАЛЛОБОН БА ПАСАНДОЗҲОИ МУҲОҶИРОН ЧАШМ АЛО КАРДААНД. МУҲОҶИРОН, ҲУШЁР БОШЕД!

Як муҳоҷири ҷавони тоҷик дар шаҳри Набережние Челни дар ҷумҳурии Тотористони Русия ба доми қаллобон афтода, аз тамоми пулҳои бо арақи ҷабин бадастовардааш маҳрум шудааст.

Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии  “Челнинские известия”,  бадкирдорон  ҷавони тоҷики 24-соларо бо ваъдаи даромади хеле баланд аз ҳисоби сармоягузорӣ ба фондҳо ба дом афтондаанд. Ин ҷавон дар ҳисоби бонкиаш 175 ҳазор рубл (наздики 2 ҳазор доллар) доштааст. Ба ном “мушовирони молиявӣ” аз тариқи зангҳои телефонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ин ҷавон дароварда, хро бовар кунондаанд, ки агар ҳамаи пулҳояшро ба фондаи гуфтагии онҳо гузаронад, дар як муддати кӯтоҳ метавонад ҳаҷми пасандозҳояшро ду маротиба афзоиш бидиҳад.

 Ҷавони зудбовар ба ин ваъдаҳо бовар карда, ҳамаи пулҳояшро аз бонк гирифта, ба ҳисоби гуфтаи ин “мушовирони молиявӣ” гузарондааст. Баробари ба даст овардани 175 ҳазор рубли ин муҳоҷири тоҷик он ҳама “мушовирони молиявӣ” ғайб задаанд ва рақамҳои телефонҳояшон, ки ҳама дар шаҳри Маскав сабти ном шуда буд, хомӯш карда шудаанд.

Ҷавони тоҷик вақте фаҳмид, ки ба доми қаллобон афтодааст, ба пулис муроҷиат кард. Дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, вале эҳтимоли инки ин ҷавон битавонад пулҳои худро баргардонад, хеле ночиз аст.

Дар вақтҳои охир ҳазорон муҳоҷири корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, дар Русия ва кишварҳои дигар ба доми қаллобон афтода, бо умеди ба даст овардани даромади осмонкаф  пулҳои худро ба фондҳои нишондодаи ин қаллобон мегузаронанд. Дар аксари ҳолатҳо ин ҳама фондҳои бардурӯғанд ва дар натиҷа, муҳоҷирони бечора ба ҷои фоида аз тамоми пасандозҳои бо арақи ҷабин бо сад азоб ҷамъкардаи худ маҳрум мешаванд.

Мутахассисон ба муҳоҷирон тавсия медиҳанд, ки ба “мушовирон”-и ношиносе, ки аз номи ширкатҳову шахсиятҳои маъруфе, чун Гуглу Фейсбук ё Илон Маску Марк Зукерберг ба онҳо аз ҳаво ваъдаи даромадҳои осмонкаф медиҳанд, бовар накунанд, зеро дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба фондҳо дую се маротиба афзоиш додани ҳаҷми пасандозҳо аслан имкон надорад.  Ба ақидаи мутахассисон, муҳоҷирон набояд тавассути Интернет ё телефон ба ягон ҷо сармоягузорӣ кунанд, вале агар хеле иштиёқи зиёди сармоягузорӣ ба фондҳо дошта бошанд, бояд ба мушовирони молиявӣ дар бонкҳои худ муроҷиат кунанд. Албатта, тавассути бонкҳо наметавон ба даромадҳои осмонбӯс умед баст, ваъдаи даромади бонкҳо хеле камтар аст, вале дар сурати сармоягузорӣ тавассути бонкҳои расмӣ эҳтимоли тамоми пасандозҳои худро аз даст додани муҳоҷирон хеле камтар аз он аст, ки онҳо пули худро ба ягон нафари комилан ношинос, ки маълум нест, аз куҷое чанд бор барояшон занг задааст, бовар кунанд ва мисли ин ҷавони қаҳрамони гузориши мо аз шаҳри Набережние Челни худашон бо ду дасти адаб пулҳои бо азоб кор кардаи худро бароварда, ба дасти қаллобон бидиҳанд.

Шаҳри Набережные Челны (ба тоторӣ – Яр Чаллы), ки аз соли 1982 то 1988 Брежнев ном дошт, шаҳрест бо беш аз ним миллион аҳолӣ дар ҷумҳурии Тотористони Русия дар соҳили дарёҳои Кама ва Челни ва обанбори Нижнекамск.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button