ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МАРОСИМИ ДАФНИ ПУРТАНТАНАИ ҚОТИЛЕ, КИ ЯК ТОҶИКРО ЗИНДА БА ЗИНДА ЗЕРИ ХОК КАРДА БУД

Дар шаҳри Волгоград сарбози ихтиёрии воҳиди “Шторм-Z” – вазорати мудофиаи Русия Вячеслав Лямаевро мисли як қаҳрамон бо тантана – бо қаровули фахрӣ, тирандозӣ ба ҳаво ва дар тобути бо парчами Русия печонидашуда  –  ба хок супурданд. Лямаев ҳанӯз рӯзи 4 майи соли 2023 дар набардҳо дар атрофи шаҳри Бахмут (собиқ Артёмовск) кушта шуд, вале маросими дафни ӯ рӯзи 15 июл доир шудааст. Бино ба  гузориши нашрияи маҳаллии  V1.RU- Новости Волгограда, ӯро дар  қабристони нави ноҳияи Ворошилови шаҳри Волгоград дар аллея ё қатори махсуси гӯрҳои иштирокчиёни амалиёти вижаи ҳарбӣ дар Украина дафн кардаанд.

Нашрия хотиррасон кардааст, ки соли 2017 барои зинда ба зинда зери хок кардану бо чунин шеваи бераҳмона ва ваҳшиёна куштани як ҷавони тоҷик Вячеслав Лямаев  ба 17 сол ва ҳамсояи ӯ Александр Булак ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Лямаев дар ивази ваъдаи озодӣ бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина рафта буд.

Руслан Лямаев,  бародари Вячеслав Лямаев иддао дорад, ки бародари ӯ он ҷавони тоҷикро накушта буд ва тамоми гуноҳаш “чанд бел хок” буд, ки ӯ болои ҷасади он тоҷик партофтааст.

– Вай ба ҷашни зодрӯз рафта буд ва ҳангоми ҷашн яке аз дӯстони ӯ як нафарро кушт. Худи Слава касеро накуштааст, – иддао дорад Руслан Лямаев.

Аммо тафтишот ва чандин додгоҳи баргузоршуда дар бораи нақши Лямаев дар куштори ваҳшиёнаи ҷавони тоҷик назари дигар доранд.

Ин ҳодисаи даҳшатбор соли 2016 вақте рух дод, ки  Булак, Лямаев ва он ҷавони тоҷик дар хонаи Булак зодрӯзи ҷавони тоҷикро ҷашн мегирифтанд. Ӯ он рӯз ба синни 22 расида буд ва ҳанӯз хабар надошт, ки ин охирин зодрӯз дар зиндагиаш хоҳад шуд.

Дар байни ҷашн ба кадом сабабе байни соҳибхона ва соҳибҷашн ҷанҷол бархост ва Булак ва Лямаев дукаса ҷавони тоҷикро зӯран ба таҳхона бурда, дар онҷо бо таҳдиди корд маҷбур кардаанд, ки худаш бо дастони худаш қабрашро биканад. Баъди кандани чуқурӣ Булак ва Лямаев он тоҷикро зинда ба зинда зери хок кардаанд.

Наталя Кунитская, сухангӯи раёсати тафтишоти вилояти Волгоград он вақт давоми ин ҷинояти даҳшатборро чунин нақл карда буд: – Баъди чанде ҷинояткорон ба ёд оварданд, ки ҷабрдида бо худ телефони мобил дошт. Онҳо қабрро канда, ҷавони тоҷикро берун бароварданд. Онҳо телефонро пайдо накарданд, вале диданд, ки ҷавон то ҳол зинда аст. Булак баъди ин ба бадани ҷабрдида бо бел даҳҳо зарбаи дигар задааст. Вақте мутмаин шуданд, ки соҳибҷашн мурдааст, ин ду ҷӯра ҷасади ӯро дар замини байни хонаҳои худ пинҳон карда, аз болояш як мошин рег рехтанд, то касе ҷасадро пайдо карда натавонад”.

Бино ба иттилои Руслан Лямаев, бародараш ба чандин додгоҳ ҷиҳати бозбинии ҳукмаш дархост дод ва ҳатто ноил шуд, ки Додгоҳи олии Русия ҳукми ӯро то ба 6 сол иваз кунад, вале додситонӣ ба ин ҳукм эътироз овард ва 17 сол ҳукми зиндони Лямаевро дигарбора барқарор карданд ва бетағйир боқӣ гузоштанд.

Мақомоти Русия, ки дар ҷанги зидди Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шудаанд, дар ивази ваъдаи афву озодӣ ҳазорон маҳбусро аз зиндонҳо озод карда, ба ҷанг фиристодаанд. Дар байни онҳо маҳбусоне ҳам ҳастанд, ки барои ҷиноятҳои сангине, чун куштор, таҷовуз ба номус, ғоратгариву роҳзанӣ ва қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд.

Садҳо маҳбуси тоҷике, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекарданд, низ дар ивази ваъдаи афву озодӣ ба ҷанги зидди Украина рафтаанд. То имрӯз дар бораи дар Украина кушта шудани ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо маҳбусонеанд, ки ба умеди озодии зудтар ҷони худро дар Украина аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button