ВидеоКоррупсияМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ БАРОИ ДОДАНИ ПОРА БА ПУЛИСИ РУС

Рӯзи 26 июли соли 2023 дар шуъбаи пулиси шаҳри Ногински вилояти Маскави Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1977 ва 1986 бо иттиҳоми додани пора ба корманди пулис ба маблағи 30 ҳазор рубл дастгир шудаанд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки ин қазия бар асоси моддаи 291, қисми 4, банди “а” Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми кӯшиши додани пора ба мансабдори давлатӣ аз схӯи гуруҳи шахсон дар асоси маслиҳати пешакӣ таҳқиқ мешавад.

Худи дастгиршудагон ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, онҳо рӯзи 26 июл дар шуъбаи пулиси Ногинск ба корманди пулис ба сифати пора 30 ҳазор рубл пешниҳод карда, аз ӯ хостаанд, ба зидди 4 шаҳрванди Тоҷикистон  барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва қонуни муҳоҷирати Русия протоколҳои маъмурӣ тартиб надиҳад ва ба додгоҳ насупорад. Дар сурати ба додгоҳ рафтани ин парвандаҳо ба он 4 муҳоҷир ба эҳтимоли ғолиб ҷарима ва ҳукми ихроҷ аз Русия таҳдид мекард.

 “Вале мансабдор аз гирифтани пора даст кашид ва гумонбаршавандагон ҳангоми содир кардани ҷинояти коррупсионӣ аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд”, — гуфта мешавад дар хабари мақомоти тафтишотии вилояти Маскав.

Дар ҳоли ҳозир, тафтиши ин қазия идома дорад ва интизор меравад, ба зудӣ тафтишот барои интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба дастгиршудагон ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Ба муҳоҷирони дастгиршуда бар асоси қисми чоруми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз як миллион то 3 миллион рубл ваё аз 7 то 12 соли зиндон ҷарима ба маблағи 60 карат аз ҳаҷми пораи пешниҳодшуда, яъне ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор рубл таҳдид мекунад.

Муҳоҷирон доим дар бораи аз онҳо пул тамаъ кардани кормандони пулиси Русия шикоят мекунанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки муҳоҷирон ҳангоми додани пора ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба даст меафтанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҳолатҳо ангуштшумор буда, аксараш вақте рух медиҳанд, ки мақомот бояд дар бораи натиҷаи кори худ дар роҳи мубориза бо коррупсия ва порахӯрӣ ҳисобот бидиҳанд.

Ногинск

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button