ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БО ГУЛДОН БА РӮЯШ ЗАД… ЗАНОЗАНИИ СЕ ҶАВОНЗАН ДАР ДОХИЛИ ДӮКОНИ ГУЛФУРӮШӢ (5 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 27 июли соли 2023 бо нашри чанд акс аз боздошти се ҷавонзан дар пайи занозанӣ дар дохили як дӯкони гулфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.  Милитсия бо изҳори таассуф мегӯяд, ин ҷавонзанҳо, ки ду нафараш сатрпӯш ҳам будаанд, нафақат бо дашномҳои қабеҳ шаъну эътибори якдигарро паст заданд, балки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро латтукӯб кардаанд ва Дилноза Шорухова ҳатто бо гулдон ба рӯи Марина Карстен зада, ӯро захмӣ кардааст. Дар бораи сабаби моҷарои байни ин се ҷавонзан, ки соати чоруними субҳи 25 июл рух додааст, чизе гуфта нашудааст.

“Иффату покӣ ва шарму ҳаё унсурҳои асосиву муайянкунандаи мақому мартабаи занон ба шумор мераванд. Маҳз ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ занро дар ҷомеа соҳибмақому боэҳтиром мегардонад. Аммо баръкс бадмастиву айёшӣ гарчанде хислатҳои хоси занон набошанд, ҳам вале баъзан дар ҷомеа мушоҳида мегарданд, ки воқеан боиси нигаронист”, – менависад РВКД Душанбе ва меафзояд, навори пур аз алфози қабеҳу дашномҳои гушношунид, ки аз ҷониби як ҷавондухтар садо медиҳад, шоми 25-уми июли соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида,вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овард ва аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур таҳқиқ карда шуда, гумонбарон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Бино ба иттилои милитсия, ҳодисаи мазкур субҳи барвақти санаи 25-уми июли соли ҷорӣ, тақрибан соати 04:30 дақиқаи субҳ дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, назди кинотеатри «Ватан» рух додааст. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардиданд ва гумонбароншавандаҳо дастгир карда шуданд.

Худи  ин се ҷавонзан барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино  ба фарзияи милитсия, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Шорухова Ниягара, санаи таваллудаш 09.07.1997 ва Шорухова Дилноза Каримовна, санаи таваллудаш 25.04.2001, сокинони шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғ.Мирзо, дар дӯкони гулфурӯшии “Гулдаста Ватан” бо шаҳрванд Карстен Марина Бахтиёровна, санаи таваллудаш 26.11.1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва мавриди лату куб қарор додаанд.

“Дастгиршуда, Шорухова Дилноза бо ин рафторҳои авбошона ва алфози қабеҳи худ қаноат накарда, ҳамзамон бо гулдони пластикии сахт дар қисмати рӯи Карстен Марина зарба мезанад, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Милитсияи пойтахт гуфт, нисбат ба ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button