Рӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

АНҶОМИ АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ДУ КӮҲНАВАРД АЗ БРИТАНИЯ ДАР КӮҲҲОИ ПОМИР (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 27 июли соли 2023 аз анҷоми амалиёти наҷоти ду кӯҳнаварди солхӯрда аз Бритониё дар кӯҳҳои Помир хабар дод. Баъди аз кӯҳ фароварданашон, ин ду кӯҳнавард аз рафтан ба бемористон даст кашида, гуфтаанд, ба саёҳати худ дар Бадахшон идома хоҳанд дод.

Тавре қаблан хабар додем, 20 июл, соати 15:30 ду шаҳрванди Британияи Кабир: Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудан 1956 ва Симон Эндрю Ятес, соли таваллудаш 1963 бо телефони моҳвораӣ ба қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар додаанл, ки онҳо бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст, ба инҷо омада буданд, вале аз баландӣ афтода, осеб дидаанд ва муҳтоҷи кумак мебошанд.

 Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) баъди аниқ кардани макони ҳодиса барои кумак равон шуданд. Рӯзи 22 июл бо воситаи занбар Майкл Алан Фоуйлерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон интиқол доданд. 

Аз сабаби он ки эҳтимолан сутунмӯҳраи Симон Эндрю Ятес осеб дида буд, имдодгарон бо ӯ дар баландии 4184 метр дар наздикии қуллаи Патхор монданд. Баъди расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ бо истифода аз занбари махсус оҳиста-оҳиста ба поён равон шуданд. 

Рӯзи 24 июл соати 21:50 дақиқа наҷотдиҳандагон то ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон омаданд ва шабро он ҷо гузаронида, субҳи рӯзи 25-уми июл ба роҳи худ идома доданд.

25 июли соли 2023 гурӯҳи духтурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори Раёсати тибии КҲФ, полковники хадамоти тиббӣ Саъдулло Шарифов, духтури ҷарроҳи Бемористони ҳарбии Кумита, майори хадамоти тиббӣ К.Маҳмадуллоев ва наҷотдиҳандаи КҲФ майор Ф.Раҳматуллоев аз фурӯдгоҳи Айнӣ бо чархболи Вазорати мудофиа парвоз карданд ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшон, ки дар 2350 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, фурӯд омаданд. 

Санҷиши пешакии тиббии Симон Эндрю Ятес нишон дод, ки фишори шарёни хуни вай 110/70 мм м/с ва сатҳи оксиген 92% мебошад.  Ва ӯ изҳор дошт, ки ба кумаки тиббӣ ниёз надорад.

Бояд гуфт, ки ягон осеби ҷиддӣ, аз қабили шикастани устухонҳо ё осеби сутунмӯҳра дар ӯ дида намешуд. Вай санҷиши ҳамаҷонибаи духтуронро рад кард. Ин ду кӯҳнавард аз Британия аз интиқолашон ба Душанбе барои ташхису муоинаи бештар низ худдорӣ карда, ба саёҳати худ ба қаламрави ВМКБ идома додаанд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин амалиёти наҷоти кӯҳнавардони хориҷӣ дар кӯҳҳои шарқи Тоҷикистон аст.

19 июли соли 2023 кӯҳнавард аз Беларус Дмитрий Гракович, ки мехост ба танҳоӣ қуллаи Исмоили Сомониро дар ҳудуди ноҳияи Лахш фатҳ кунад, аз як баландӣ сарозер шуда, ба сабаби шикасти се қабурғааш барои кумак муроҷиат кард. Ин кӯҳнавардро наҷотбахшон рӯзи 21 июл бо чархбол аз Лахш ба фурудгоҳи Айнӣ оварда, аз онҷо бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба шаҳри Душанбе ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд.

Ҳамчунин рӯзи 22 июл як гуруҳи иборат аз 5 кӯҳнавард аз Русия барои фатҳи қулла ба мавзеи Поймазори ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаанд, вале онҳо низ маҷбур шудаанд, ки барои кумак муроҷиат кунанд.

 “Ҳангоми фатҳи қулла яке аз кӯҳнавардон – Герман Яртсев  аз эҳтимоли авҷ гирифтани бемории пневмония шикоят кардааст. Дар пайи ин, роҳбари гуруҳ Яна Уляничёва барои кумак ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кард. Рӯзи 24 июл ҳамаи ин 5 кӯҳнавардро бо чархболи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оварданд. Яртсевро аз инҷо ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд ва ӯ ҳоло таҳти табобат қарор дорад”, – хабар дода буд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Умеда Юсуфӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button