ИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ӮЗБЕКИСТОН АЛАКАЙ ТО ПОЁНИ СОЛИ 2023 БА ИСТЕҲСОЛИ МОШИНҲОИ ТАМҒАИ “VOLKSWAGEN” ОҒОЗ МЕКУНАД

Бар асоси қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи рушди “иқтисоди сабз” ва Харитаи роҳ, ки вазорати иқтисод ва молияи ин кишвар нашр кард, қарор аст, алакай то поёни соли 2023 дар корхонаи мошинсозии “Jizzakh Auto” (“Ҷиззах-ADM”), ки дар минтақаи озоди иқтисодии Ҷиззах ҷойгир шудааст, истеҳсоли мошинҳои машҳури олмонии тамғаи “Volkswagen”, асосан мошинҳои барқӣ ва ҳибрид, яъне мошинҳое, ки муҳаррикашон ҳам бо бензин ва ҳам бо барқ кор мекунад, ба роҳ монда шавад.

Тибқи Харитаи роҳи рушди “иқтисоди сабз” дар Ӯзбекистон, то моҳи декабри соли 2023 бояд ТЭО, яъне ҳуҷҷатгузориии фаннию иқтисодии ин лоиҳа анҷом дода шуда, аз бонк барои сохтани хатҳои истеҳсоли мошинҳои олмонӣ қарзи лозим ба даст оварда шавад. Баъди ин дар корхонаи мошинсозии “Jizzakh Auto” дар вилояти Ҷиззах насби дастгоҳу таҷҳизоти лозим барои истеҳсоли мошинҳои тамғаи “Volkswagen” оғоз хоҳад ёфт.

Ҳанӯз маълум нест, ки истеҳсоли кадом навъҳои “Volkswagen” дар вилояти Ҷиззаҳ ба роҳ монда хоҳад шуд, вале гуфта мешавад, ки ҳисоб асосан рӯи мошинҳои барқӣ ва ҳибридӣ аст. Дар ҳоли зоҳир дар бозори Ӯзбекистон мошинҳои ҷипи барқии тамғаи ID.4 ва ID.6,  ҳамчунин седани тамғаи Volkswagen e-Bora, истеҳсоли Хитой фурӯхта мешаванд. Нархи онҳо ба ҳисоби рубл аз 2 миллион то 3,5 миллион  рубл ва бо доллар аз 22 ҳазор  то 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Қаблан дар Ҷиззах ҷамъу басти мошини тамғаи “Volkswagen Caddy” ба роҳ монда шуда буд, вале баъди корхонаҳояшро дар Русия бастани ширкати олмонӣ “Jizzakh Auto” низ ҷамъу бастаи ин мошинҳоро бас кард, чунки қисмҳояш асосан аз корхонаҳои “Volkswagen” дар Русия меомад.

Тибқи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, қарор аст, аз моҳи апрели соли 2023 дар минтақаи озоди иқтисодии Ҷиззах истеҳсоли мошинҳои барқии хитоии тамғаи BYD низ оғоз шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар корхонаи мошинсозии Ҷиззах мошинҳои тамғаи Kia, Renault, Chery ва аз сентябри соли 2021 чанд навъи мошинҳои русии тамғаи “Лада”, аз ҷумла SW/SW Cross, Largus/Largus Cross ва ҳетчбеки Xray Cross истеҳсол карда мешаванд.

Ӯзбекистон бузургтарин истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, соли 2022 аз лиҳози шумораи мошинҳои истеҳсолкардааш ҳатто аз Русия пеш гузашт. Қарори маълум, Русия дар  тӯли даҳсолаҳо  дар даврони СССР ва баъд таъминкунандаи №1 дар бозори мошини ин паҳно ба шумор мерафт.

Соли 2022 корхонаҳои корпоратсияи “UzAuto Motors” дар умум беш аз 300 ҳазор мошин истеҳсол карда, соли 2023 нақшаи тавлиди то 500 ҳазор воситаи нақлиётро дар сар доранд. Аммо аксари мошинҳои сохти Ӯзбекистон дар бозори худи ин кишвар фурӯхта мешаванд ва танҳо як қисми камаш дар хориҷ, асосан дар Русия ба фурӯш гузошта мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button