ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

МАРГИ ПУРАСРОРИ САРДОРИ РАЁСАТИ ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ЮСУФ АСАДБЕКОВ

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Юсуф Асадбеков рӯзи душанбе, 24 июли соли 2023 дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба сурати асроромез дар дарёи Ғунд ғарқ шудааст. Ҷасади ин мансабдори ҷавони ҳамагӣ 28-солаи зодаи ноҳияи Шуғнонро ҳанӯз пайдо накардаанд. Сабаби ин ҳодисаи фоҷиавӣ низ маълум нест.

Мақомот дар бораи марги мансабдори ҷавон то кунун ягон шарҳ надодаанд, дар бораи ин ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар навори ҳодисаҳои нохуши худ чизе то ҳол нагуфтаанд.

Аммо журналист Aнора Саркорова, ки асосан ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар Фейсбук бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Юсуф Асадбеков худро аз болои пул (кӯпрук) ба дарёи Ғунд партофтааст ва як фарзияи марги ӯ худкушист.

Бар асоси маълумоти тарҷумаҳолӣ дар саҳифаи Юсуф Асадбеков дар Фейсбук, ӯ дар донишгоҳи Хоруғ ва донишгоҳи шаҳри Херсони Украина таҳсил карда, қаблан мудири бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев будааст.

Охирин аксҳои Юсуф Асадбеков дар саҳифаи фейсбукии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 23 июни соли 2023 аз ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” нашр шуда буд. Дар ин ҳамоиш раёсати ҷавонони вилоят ғолибони озмуни стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшонро ҷамъ оварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button