ВидеоСиёсатТоҷикистон

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ СОМОНАИ “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” ВА 21 УЗВИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”, як канали марбут ба ҳаракати оппозитсионии дар ҷумҳурӣ феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” ва 21 узви онро дар қаламрави Тоҷикистон манъ  ва ин каналро “ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез” эътироф кардааст.

Ҳукми Додгоҳи олӣ ҳанӯз рӯзи 21 июни соли 2023 содир шудааст, вале Додситонии кулли Тоҷикистон хабарашро бо гузашти 5 ҳафта, тоза 25 июл нашр кард.

Додситонии кул дар иттилоияаш гуфт: “Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”  ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.  Ҳамзамон фаъолияти тамоми сомонаву вебсайтҳои ташкилоти мазкур ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзои он бо номҳои: Suhrob Zafar, Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov, Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Булычёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Mansur Naimov, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм”, “Фейсбук”, “Ютуб”, “Инстаграм” ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар қаламрави кишвар баста шуданд”.

Додситонӣ дар бораи далелҳои манъи дастрасӣ ба ин сомона дар ҳудуди ҷумҳурӣ тафсилоти дигар надодааст, вале шаҳрвандонро ҳушдор додааст, ки “дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзояш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”.

Фаъолияти худи “Гуруҳи 24” дар Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин тараф мамнӯъ шудааст ва аксари роҳбарону аъзо ва тарафдорони он ба Аврупо паноҳ бурдаанд.

Салмон Султонзода, як фаъоли мухолифин ва яке аз 21 нафаре, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд, дар як баёния дар Фейсбук изҳор дошт, ки ба сомонаи “Новый Таджикистан 2” ҳеҷ рабте надорад. Султонзода қарори манъи ин расонаи мухолифи ҳукуматро қадами навбатии мақомоти Тоҷикистон дар роҳи фишор болои расонаҳо ва афроди мустақил ва манъи дастрасии мардум ба хабарҳои алтернативӣ номидааст.

Дар ин авохир “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” алакай дуюмин расонаи мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки баста мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки  Додгоҳи олии ҷумҳурӣ бо қарори худ аз 14 июни соли 2023 пойгоҳи хабарии “Памир дейли нюс”  ё “Памир нюс”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияти онро дар кишвар манъ кардааст.

Pamir Daily News асосан таҳаввулоти марбут ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекард ва бахусус дар инъикоси эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 хеле фаъол буд. Саҳифаи он дар Фейсбук 28 ҳазор обуначӣ дошт. Идораи ин нашрия гуфт, ба хотири амнияти хонандагону манобеаш дар дохил номи расонаро иваз мекунанд.

Kумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 20 июли соли 2023 дар як баёнияи вижа қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъи фаъолияти сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News ва “ташкилоти ифротӣ” унвон кардани онро маҳкум кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои марбут ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфт: “Қарори мақомоти Тоҷикистон дар мавриди манъи фаъолияти Pamir Daily News ва тамғаи “ифротӣ” задан ба он як қадами мунтазираи таассуфбор дар идомаи роҳи ҷиноят талақӣ кардани ҳар навъ инъикоси масоили марбут ба поймол кардани ҳуқуқи инсон аз ҷониби ҳукумат аст. Мақомот бояд ин қарорро бекор ва кӯшишҳои пайваста барои гирифтани пеши роҳи нашри гузоришҳо дар бораи ақалияти помириро бас кунанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button