ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҲУДУДИ 50 ШАҲРВАНДИ ХИТОЙ ДАР ЯК КОРХОНА ДАР ДАНҒАРА АЗ ГАЗ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Радиои Озодӣ

Наздик ба 50 шаҳрванди Чин (Хитой), ки дар корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” кор мекунанд, бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаҳои ноҳияи Данғара муроҷиат кардаанд.

Ин корхонаи муштараки саноатӣ соли 2016 дар Данғара бунёд шуд ва дар он шаҳрвандони Чину Тоҷикистон кор мекунанд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 26-уми июли соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух дод ва шаҳрвандони ҷумҳурии Чин ба пизишкон муроҷиат карданд.

“Дар ҷои кор сарашон чарх зада афтодаанд ва қай карданд. Фавран ба беморхона муроҷиат карданд ва пизишкон онҳоро ташхис карданд. Маълум шудааст, ки онҳо аз ҳавои олуда бо газ нафас кашида ба чунин ҳол афтодаанд. Худашон кадом таҷҳизотеро нодуруст истифода бурдаанд,”—гуфт ӯ.

Мақомоти ноҳияи Данғара ҳодисаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, теъдоди онҳое, ки ба беморхона муроҷиат карданд, зиёд набуданд.

Қаҳрамон Камолов, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ дар Данғара гуфт, “ин ҷиддӣ набуд. Муроҷиат карда буданд, дидем. Ҳоло ягон нафарашон дар беморхона хоб нестанд. Ба беморхонаи ҷумҳуриявӣ танҳо ду нафар муроҷиат кард, ба беморхонаҳои ноҳиявиро намедонам.”

Ин мақомдор шарҳ надод, ки бар асари чӣ шаҳрвандон Чин ба чунин ҳол гирифтор шудаанд?

Маълум нест, ки дар корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ҳоло чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Чин кор мекунанд? Мақомот қаблан гуфта буданд, ки дар ин корхона 600 нафар кор мекунанд, вале маълум нест, чанд нафар аз онҳо шаҳрванди Чин ҳастанд.

Замони таъсис, мақомот гуфтанд, дар ин корхона дар як сол коркарди то 52 ҳазор тонна нахи пахта имконпазир аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба кишоварзони чинӣ беш аз 14 ҳазор ҳектар заминро барои кишти пахта додааст.

Мухолифон ҳукуматро пайваста барои бо имтиёзҳои ночиз ба ширкатҳои чинӣ додани конҳои тило ва заминҳои кишт танқид мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button