ВидеоТоҷикистонҶанг дар Украина

“ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” МЕХОҲАД ДАР ЧВК “ВАГНЕР” БАТАЛЙОНИ ТОҶИКӢ ТАШКИЛ КУНАД

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Дилшод Саидмуродов (маъруф бо лақабҳои “Дилшоди СБ” ё “Дилшоди красавчик”), саркардаи гуруҳи одамрабоён, ки баъди рабудан ва куштани бонкдори шинохта Шуҳрат Исматуллоев аз Тоҷикистон фирор кард ва феълан тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор дорад,  ба эҳтимоли ғолиб дар наздикиҳои шаҳри Донетск дар шарқи Украина қарор дорад ва дар сар нақшаи дар як баталйон ҷамъ овардани ҷангиёни тоҷики ширкати ҳарбии хусусии ЧВК “Вагнер” ва ташкили баталйони тоҷикӣ дар ҳайъати онро дорад.

Бар асоси маълумоти дарёфтӣ, дар саффи ЧВК “Вагнер” дар Украина аз 400 то 500 нафар аз зодагони Тоҷикистон меҷанганд. Аксари онҳо маҳбусони тоҷиканд, ки дар ивази ваъдаи афв ва озодӣ аз маҳбас бо “Вагнер” қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина рафтаанд. Аммо дар ҳайъати  ин ширкати ҷангҷӯ дар Украина шуморе аз кормандони собиқи мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки ба далелҳое аз саффи мақомот ронда шудаанд, низ гирд омадаанд, ки тақрибан ҳамаи одамрабоёне, ки дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев даст доштанд, аз ин зумраанд.

Дар яке аз гуруҳҳои бастаи ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Украина меҷанганд, ахиран маълумоте нашр шудааст, ки Дилшод Саидмуродов ҳамроҳи 16 ҷангии дигари тоҷику ӯзбек дар километри 7-уми шаҳри Донетск қарор дорад ва нақша дорад, ки рӯзҳои наздик бо бачаҳои тоҷики ЧВК “Вагнер” вохӯрда, бо онҳо нақшаи ташкили баталйони алоҳидаи тоҷикҳоро матраҳ кунад.

“Биёед, якҷоя шавем ва ҳама як хатро биқапему пеш барем”, – пешниҳод кардааст “Дилшоди Красавчик” ба дигар ҷангиёни тоҷики “Вагнер”.

Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи дигар имкон надорад. Гуруҳҳои ҷангиёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле бастаанд ва мустақиман ба онҳо ворид шудану тафтиш кардани маълумот низ номумкин аст.

Маълум нест, ки ин гапи ташкили баталйон барои гӯл задану қасдан ба роҳи хато бурдани мақомот паҳн карда шудааст ваё “Дилшоди Красавчик” бо ин роҳ мехоҳад  хатари боздошту истирдод ба Тоҷикистонро аз болои сари худ дуртар кунад.

Пешниҳоди ташкили “баталйони тоҷикӣ” аз ҳисоби ҷангиёни тоҷики ЧВК “Вагнер” дар ҳолест, ки дар пайи ошӯби бефарҷоми раҳбару муассиси он Евгений Пригожин, ки иттифоқан 23 июни соли 2023, дар як рӯз бо рабудани Исматуллоев аз сӯи гуруҳи ҷангиёни “Вагнер” дар Душанбе сурат гирифт,  ЧВК “Вагнер” аз ҳаққи идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина маҳрум гардида, бо ҷамъе аз ҷангиёни худ ба Беларус рафт. Ба ҷангиёни дигари “Вагнер” дар Украина пешниҳод шудааст, ки бо вазорати мудофиаи Русия қарордод банданд.

Ин дар ҳолест, ки  бо гузашти беш аз як моҳ аз рабудан ва куштани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев мақомот то ҳол ҷасади ӯро пайдо накардаанд.

Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд.

 Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, бурданд.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гуруҳи муташаккили ҷиноятии Дилшод Саидмуродов нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд. Ба иттилои додситонӣ, ин даста беш аз 10 нафарро дар бар мегирифт, ки аз ин шумор 5 нафар дастгир шуда, бақия фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.  

Рӯзи 25 июн Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки дар рабудани Исматуллоев иштироки бевосита дошт, ба Туркия ва аз онҷо рӯзи 30 июн ба Молдова фирор кард. Вале ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва Ашӯров аз тарси ин ки ӯро бозпас мефиристанд туфангчаи марзбони молдованро кашида гирифта, ӯ ва як подполковник аз хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров сипас ҳангоми боздошташ 10 тир хӯрд ва рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт.

Гуфта мешавад Дилшод Саидмуродов рӯзи 23 июн, яъне ҳанӯз қабл аз рабудани Исматуллоев, фарзандонашро ҳамроҳи дояи онҳо ба Маскав фиристода, худаш субҳи 24 июн, билофосила баъди куштану ба дарё партофтани гаравгон, ҳамроҳи ҳамсари дуюмаш ба Маскав фирор кардааст.  Нашрияи “СССР” хабар дод, ки “Дилшоди Красавчик” аз тарифи толори СИПи фурудгоҳи Душанбе парвоз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи “Бомдод”, ӯро дар фурудгоҳи Маскав ҳамсабақони донишгоҳиаш пешвоз гирифта, ба як пойгоҳи ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина фиристодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Отлично. Сегодняшнему правительству как раз это нужно. Все будет легално и лояльно.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button